Ҷиҳати рақамикунонии соҳаи маориф аввалин маротиба дар вилояти Хатлон барномаи инноватсионии «E-KHONISH» роҳандозӣ гардид.
Иқдоми мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и ба номи Муҳаммад Бобиев ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон амалӣ шуд. Бо истифода аз барномаи мазкур раванди дарс тавассути дурбинҳо назорат шуда, баҳогузорӣ ва таълим электронӣ сурат мегирад.
Барномаи инноватсионии «E-KHONISH» имкон медиҳад, ки Вазорати маориф ва илм, раёсати маориф, падару модарон ва омӯзгорон аз ҷараёни таълиму тарбияи хонандагон огоҳ гарданд.
Фаъолгардонии ин барномаи инноватсионӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, гузариш ба таҳсилоти рақамӣ, тағйир додани усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мусоидат хоҳад кард.
Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар маросими фаъолгардонии ин барномаи инноватсионӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид худ бевосита иштирок намуда, ба тарбиятгирандагони таълимгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»