Хатлон. Форуми байналмилалӣ баргузор мешавад

№ 01.10.2024

17 — 18-уми октябри соли равон дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон – Инвест – 2024» баргузор мешавад.

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд. Форуми мазкур бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ доир мегардад.

Тибқи нақша дар назар аст, ки дар ин форум маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон муаррифӣ гардида, инчунин, мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби ёддошт байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор шавад.

  С. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»