Аз 30 октябр то 6 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия олимпиадаи байналмилалии «International olympiad Antalya 2022» баргузор гардид, ки дар он 34 хонанда аз муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон низ иштирок карданд.
Зимни суҳбат директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон Нуралӣ Азизов иброз дошт, ки дар олимпиада 9 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб ва Дустӣ аз фанҳои забонҳои англисию русӣ, биология ва математика сазоворӣ медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Хонандагони лаёқатмандро, ки бо чунин муваффақиятҳои назаррас ба Ватан баргаштанд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати маорифи вилоят ва омӯзгорону пайвандонашон истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин, ба ифтихори баргаштани онҳо дар шаҳри Бохтар истиқболи пуршукӯҳе баргузор карда шуд.
Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода, иштирок дар чунин олимпиадаҳои сатҳи баланд имкон медиҳад, ки хонандагони вилоят донишашонро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ муаррифӣ карда, парчамбардори Тоҷикистони азиз бошанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»