Бонги изтироб

«Хатлон»-и Бохтар ба мушкилоти молиявӣ мувоҷеҳ шудааст

№146 (4729) 27.11.2023

МОЛ СУЛ 171123 — копия

Яке аз дастаҳои сермухлису як замон овозадори футболи мамлакат «Хатлон»-и шаҳри Бохтар тайи чанд соли охир ба мушкилоти молиявӣ гирифтор шудааст. Ин дар ҳолест, ки аксар бозингарони калидӣ дастаро тарк намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ «Хатлон» аввалин маротиба Лигаи олии мамлакатро тарк намуд.

Клуби футболи «Хатлон» соли 1960 бо номи «Вахш» таъсис ёфта буд ва солҳои тӯлонӣ дар Лигаи дуюми чемпионати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бозӣ кардааст. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ даста дар Лигаи олии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, чандин маротиба ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ соҳиб гардидааст.

Барои шароити мусоид фароҳам овардан барои даста соли 2018 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар сарпарастии дастаро ба уҳда гирифт ва номи онро аз «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба Муассисаи давлатии клуби футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар иваз намуд. Ҳамон сол аз буҷети шаҳр барои ин даста 1,3 миллион сомонӣ ҷудо гардида, он бо нақлиёти махсус таъмин карда шуд.

Аз соли 2018 то инҷониб гарчанде ҳамасола буҷети дастаи «Хатлон» зиёд мешуд, аммо даста ба ягон натиҷаи мусбат ноил намегардид. Охирин дастоварде, ки дастаи «Хатлон» ба даст оварда буд, медалҳои биринҷии мусобиқоти футбол барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикис­тон дар соли 2016 буд.

Тайи ду — се соли охир даста зинаҳои поёнии ҷадвали мусобиқоти мамлакатро касб мекунад. Бо сабаби норасоии маблағ дар оғози мавсим бозигарони калидии даста тарки он карданд. Баъди нокомиҳои пай дар пай сармураббии даста Аслиддин Ҳабибуллоев низ моҳи сентябри соли равон аз мақомаш истеъфо дод.

Чӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва чӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дастаи «Хатлон» таъминкунандаи беҳтарин бозигарони дастаи овозадори «Помир» ва тими миллии мунтахаби кишвар буд, аммо аз 24 бозигаре, ки соли ҷорӣ ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шомил гардиданд, ягон нафараш аз дастаи «Хатлон» нест.

Ба иттилои сардори шуъбаи хазинадории Раёсати молияи шаҳри Бохтар Шуҳрат Бозорзода аз соли 2018 то кунун ҳамасола буҷети дастаи «Хатлон» зиёд мешавад. Аз 1,3 миллион сомонии соли 2018 маблағи буҷети даста дар соли 2023 ба 2 миллиону 88 ҳазор сомонӣ расидааст.

- Соли ҷорӣ барои даста 1 миллиону 769 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, маблағи боқимонда то охири сол пардохт карда мешавад. Ҳар сол буҷети шаҳр ба андозаи 6 фоиз зиёд мегардад ва мо тамоми хароҷоти муассисаҳои буҷетии шаҳр, аз ҷумла дастаи футболи «Хатлон» — ро низ ҳар сол 6 фоиз афзоиш медиҳем, вале даста бояд дар баробари маблағҳои буҷетӣ спонсор ҳам дошта бошад. Бо як маблағи буҷет тамоми хароҷоту нигоҳдории даста ғайриимкон аст, — гуфт Ш. Бозорзода.

Мухлиси футбол, сокини ­ноҳияи Кӯшониён Сайраҳмон Назриев мегӯяд, роҳбарони клубҳои футбол одат кардаанд, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд. Барои дарёфти спонсор ё маблағгузор ҳеҷ кӯшише намекунанд.

- Дар тамоми рӯи дунё клубҳои футбол ҷамъиятҳои саҳомӣ мебошанд ва аз ҳисоби саҳмдоронашон маблағгузорӣ мешаванд. Чаро ин таҷриба дар мамлакати мо истифода намешавад? Чаро роҳбарони клубҳо чашм ба буҷети давлат меандозанд? То замоне сармоягузорон клубҳоро маблағгузорӣ накунанд, вазъи онҳо хуб намешавад ва футбол ҳам дар мамлакат рушд намекунад, — афзуд С. Назриев.

Акнун дар мавсими нави футбол дастаи «Хатлон» сабқатро дар Лигаи якум идома медиҳад. Охирин бозие, ки даста дар Лигаи олӣ баргузор кард, 15 — уми октябри соли ҷорӣ ба муқобили дастаи «Регар — ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода буд. Дар ин сабқат дастаи Хатлон бо ҳисоби 0:1 ноком шуда, имкони боқӣ мондан дар Лигаи олиро комилан аз даст дод.

Роҳбари клуби футболи «Хатлон» Исроил Шарифов дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки нақша дорад рӯзҳои наздик як нишасти матбуотие барпо намояду тафсилоти пурраи мушкилоти дастаро расонаӣ намояд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо ҷомеаи футболи кишвар рӯзи 3-юми ноябри соли равон аз баромади бебарори дастаи «Хатлон» изҳори нигаронӣ карданд.

- Дастаи шаҳри Бохтар мактаби хуби футбол дорад. Пештар бошгоҳи «Вахш» ном дошт. Бошгоҳе, ки мактаби хуби футбол дорад ва даҳҳо бозигарро барои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон тарбия кардааст, чӣ гуна ба лигаи якум меравад? Ман намефаҳмам, — изҳор доштанд президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ.

Масъулини дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва роҳбарияти дастаи «Хатлон»-ро зарур аст, ки баҳри ислоҳи мушкилиҳои давомдори ин бошгоҳи овозадори мамлакат зудтар камари ҳиммат банданд ва шуҳрати ин дастаи сермухлису ба қавле, бренди вилояти Хатлонро, барқарор намоянд, чунки барои як вилояти сернуфуси мамлакат, ки беш аз 3,5 миллион аҳолӣ дорад, дар чунин вазъ қарор гирифтани ин дастаи овозадор аламовар аст.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»