Хатлон. Имзои созишномаҳо ба маблағи беш аз 200 миллион доллар

№130 (4870) 01.11.2024

463607106_1100380495013214_6734888921152740846_n17-18-уми октябри соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлонинвест — 2024» баргузор гардид.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ва беш аз 400 намояндаи корпусҳои дип­ломатию доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.

Давлаталӣ Саид зимни сухани ифтитоҳӣ изҳор намуд, ки форум барои муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд имконияти мусоид фароҳам оварда, дар тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя дар бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, рушди содироти маҳсулоти хушсифати ватанӣ мусоидат менамояд.

Самти дигари муҳими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ таъсиси корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои арзиши баланди иловашуда арзёбӣ гардид, ки талабот ба он дар бозорҳои минтақа ва берун аз он зиёд мебошад.

Зикр шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 100 имтиёзи андозу гумрукӣ ва сармоягузорӣ истифода мешаванд. Ба сармоя­гузорони хориҷӣ ҳуқуқи озоди ба хориҷа интиқол додани даромад ва фоида бо асъори хориҷӣ кафолат дода шудааст.

Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат тараққикунандаи кишвар буда, дар он қариб 4 миллион нафар ё 40 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд. Танҳо дар 5 соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар вилоят қариб ду баробар афзуда, ба 36 миллиард сомонӣ расид. Суръати миёнаи афзоиши маҷмӯи маҳсулоти умумии минтақа бошад, дар ин давра беш аз 7,5 фоизро ташкил медиҳад.

Феълан вилояти Хатлон бо беш аз 50 кишвар робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ барқарор намуда, ба вилоят аз 30 кишвари хориҷӣ сармоя ҷалб шудааст.

Дар маҷмӯъ, ҳоло 56 фоизи маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат, аз ҷумла 62 фоизи ғаллаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда, 78 фоизи зироати полезӣ, 60 фисад гӯшт, 42 фоиз шир ва 43 дарсади маҳсулоти саноатӣ, ба вилояти Хатлон рост меояд.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят истеҳсоли зиёда аз 200 намуд маҳсулоти хӯрокворӣ, сохтмонӣ, нассоҷӣ, кимиёвӣ ба роҳ монда шудааст.

- Дар вилоят иқтидори бузурги амалинашуда барои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавҷуд аст. Бо назардошти имконияти зикршуда мо омодагии худро барои муайян намудани унсурҳои калидии ҳамкории дарозмуддат дар асоси манфиати мутақобила иброз менамоем, — афзуд Давлаталӣ Саид.

Дар идомаи форум ғолибони озмун барои дарёфти гранти раиси вилояти Хатлон муайян гардида, дар маҷмӯъ, ба 30 соҳибкорзан 500 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Ҳамчунин, дар доираи ин форум намоишгоҳи «Бохтарфуд — 2024» доир шуд, ки дар он дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯроквории вилоят муар­рифӣ ва беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ баста шуд, ки маб­лағи умумии онҳо зиёда аз 200 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»