Хатлон. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар рӯзи аввал иҷро шуд

№ 07.10.2024

Хатлон сул 021024Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 2 октябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар маъракаи гусели аввалин наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана баргузор гардид.

Дар ин рӯз муждагонӣ дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ вилояти Хатлон аввалин маротиба нақшаи даъватро дар рӯзи аввал 100 фоиз таъмин намуд.

Нахуст бо иштироки доираи васеи даъватшавандаҳо аз назди комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳпаймоӣ доир шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ ҷавонони қавииродаи Хатлонзаминро барои шарафёб гардидан ба дарёфти мақоми фахрии сарбози Ватан самимона шодбош гуфта, ба волидайни онҳо ҷиҳати шоиста тарбия намудани фарзандон дар руҳияи ватанпарастӣ арзи сипос намуд.

Зикр шуд, ки Артиши миллӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихореро тай намуда, аз лиҳози маҳорати низомӣ ва иқтидори мудофиавӣ ба комёбиҳо ноил гардидааст.

Раиси вилоят дар идомаи баромади хеш афзуд, ки аз маъракаи даъвати баҳорӣ то имрӯз таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, падару модарон равона карда шуда, фаъолияти комиссариати ҳарбии вилоят, комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои қудратии дахлдор ҷиҳати истифодаи имкониятҳои воқеии сафарбарӣ, ҳидояту роҳнамоӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстии ҷавонон вусъат дода шуданд.

Дар ин рӯз, ҳамчунин, дар қисми ҳарбии 07017, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, аз ҷониби раиси вилоят дастархони идона ороста шуда, аҳли фарҳанги вилоят бо суруду таронаҳои хеш табъи наваскаронро болида намуданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

“Садои мардум”