Бино ба маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Пилла»-и Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, кирмакпарварони вилояти Хатлон дар маъракаи ҷамъоварии пилла пешсаф буда, чанд рӯз пеш нахустин шуда, дар вилоят ва ҷумҳурӣ кирмакпарварони ноҳияҳои Сарбанд, Хуросон ва шаҳри Қӯрғонтеппа аз иҷрои нақша мужда доданд.
Умуман, аз вилояти Хатлон ба нуқтаҳои қабул беш аз 3,5 тонна пиллаи хушсифат ворид шудааст.
Дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аввалин тоннаҳои ин ашёи пурқимати саноатӣ ба нуқтаҳои қабул ворид шуд. Дар минтақаи Рашт парвариши кирмак идома дошта, ҳанӯз ба ҷамъоварии пилла шурӯъ накардаанд.
Имсол тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ бояд 1256.1 тонна пилла истеҳсол шавад. То давраи соҳибистиқлолӣ дар мамлакат қариб 4000 тонна пилла истеҳсол мегардид.
- Бинобар вазъи обу ҳаво имсол парвариши кирмак дар ҷумҳурӣ каме дертар оғоз гардид. Сарфи назар аз ин, рафти маърака ва мавҷудияти имкону захираҳо далели онанд, ки нақша сари вақт ва барзиёд иҷро мегардад, — гуфт директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Пилла»-и Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Хоҷаев.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»