Дар панҷ моҳи соли 2019 ба вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ташриф оварда, ба зиёратгоҳҳои вилоят 52,7 ҳазор нафар меҳмон шуданд.
Вилояти Хатлон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда дорад. Тибқи иттилои масъулини Раёсати рушди туризми вилоят, дар Хатлон танҳо се навъи туризм — шикор, экологӣ ва зиёрати марқади ходимони дин ба чашм мерасад, 77 мавзеи зебои сайёҳии тамошобоб, 795 ёдгории таърихӣ — фарҳангӣ мавҷуд буда, 4 ёдгории нодири таърихии вилоят — «Қалъаи Ҳулбук» — и ноҳияи Восеъ, шаҳраки «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён, мадрасаи «Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритуз ва «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд.
Сабаби суст рушд кардани соҳа аз нигоҳи коршиносон муҳайё набудани инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, мошинсарой, роҳҳои бехавфи кӯҳӣ, коргоҳу мағозаҳои армуғонсозию армуғонфурӯшӣ, дӯконҳои махсуси фурӯши таҷҳизоти туристӣ, нақлиёт барои истироҳати фардии сайёҳон, аспҳои ромшуда, набудани роҳбаладон, дуруст таблиғ нашудани мавзеъҳои туристӣ мебошад.
Сабаби дигар набудани маблағгузории кофӣ арзёбӣ мегардад.
Бино ба иттилои сардори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи вилояти Хатлон Сулаймон Розиқзода, дар «Барномаи рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2018-2020» аз ҳисоби маблағҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ 339 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Мутаассифона, танҳо аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ 45 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шамсулло Салимзода, иброз дошт, ки дар робита ба «Барномаи рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2018-2020» қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида бошад ҳам, маблағгузорӣ нест.
- То ин вақт ба истиснои шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Дӯстӣ ва Қубодиён, дигар дар ягон шаҳру ноҳия маркази иттилоотии сайёҳӣ ташкил нашудааст, — гуфт Ш. Салимзода.
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки: «Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бевосита дошта, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум низ вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад».
Масъулинро зарур аст, ки ҳар чӣ бештар ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои равнақ додани он беш аз пеш ҳиссагузор гарданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»