Соли 2022 дар вилояти Хатлон бо харҷи беш аз 47 миллион сомонӣ 30 иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода маълумот дода, ҳамчунин, гуфт, ки иншооти бунёдшуда 21 майдончаи варзишӣ, панҷ толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ ва ду маҷмааи замонавии варзишӣ буда, дар онҳо шароит барои машқу тамрин муҳайёст.
- Майдончаҳои варзишӣ дар 14 шаҳру ноҳияи вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, панҷ толори варзишии дигар дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён, Шамсиддини Шоҳин ва ноҳияи Шаҳритус ба истифода дода шуданд, — гуфт номбурда.
Ба қавли ӯ, ду ҳавзи шиноварӣ дар ноҳияи Восеъ ва ду маҷмааи замонавии варзишӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Шаҳритус низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Иншооти варзишӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, маблағи онҳо 47 миллиону 97 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»