Хатлон. Таҳдиди малах ба рӯзии мардум дар 70 ҳазор гектар замин

№64 (4484) 28.05.2022

1653374345113Зимни суҳбат муовини сардори филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон Саид Холов иброз дошт, ки тибқи нақша, бояд дар 70 ҳазору 582 гектар замини шаҳру ноҳияҳои вилоят коркарди кимиёвӣ гузаронида шавад. То 21 майи соли ҷорӣ 69 ҳазору 392 гектар коркард шудааст.

- Дар корхона 48 корманди доимӣ фаъолият доранд. Боз ҳар сол 200 корманди мавсимӣ барои ду моҳ ҷалб мешаванд. Соли гузаш­та малах бештар дар ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Фархор ва Данғара паҳн гашт ва сари вақт мавзеъҳои пайдогаштаи онро безарар кардем, — гуфт Саид Холов.

Ба иттилои ҳамсуҳбатам, дар филиали корхонаи онҳо 32 техника, аз ҷумла 24 трактор ва 8 нақлиёти сабукрави муҷаҳҳаз бо дорупошак, мавҷуд аст, ки аз он 30 адад дар ҳолати корӣ қарор доранд. Норасоии техникаву таҷҳизоти зарурӣ мушоҳида намешавад.

- Дар оинномаи корхона навишта шудааст, ки барои мавзеъҳои паҳнгаштаи малах 50 фоизи таъминоти маводи кимиёвӣ ва сӯзишворӣ аз ҳисоби идора буда, бояд 50 дарсади дигар аз ҳисоби моликони замин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии маҳаллии шаҳру ноҳия­ҳо дастрас  карда шавад, — илова кард С. Холов.

Маблағгузории филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон мутамарказ буда, барои 38 шаҳру ноҳияи мамлакат ба саридораи ин ниҳод аз буҷети ҷумҳуриявӣ солона 5,5 миллион сомонӣ ҷудо мегардад.

Муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бобоназар Давлатов зимни суҳбати телефонӣ гуфт, ки барои мубориза бар зидди малах дар буҷети вилоят маблағ пешбинӣ нашудааст. Ӯ афзуд, ки маблағгузорӣ танҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад.

Сардори Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён Чиллазода Аъзамҷон низ тасдиқ кард, ки дар буҷети ноҳия барои несту нобуд кардани ин ҳашарот маблағ ба нақша гирифта нашудааст. Ба иттилои ӯ, ду сол қабл барои харидории маводи сӯзишворӣ маблағ ҷудо мегардид, аммо имсолу соли гузашта маблағ бо сабабҳои номаълум дар буҷет ба нақша гирифта нашуд.

Аз Раёсати молияи ноҳияи Вахш низ иттилоъ доданд, ки барои мубориза бар зидди малах дар буҷети ноҳия маблағ пешбинӣ нашудааст.

Муовини сардори филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон Саид Холов дар идомаи суҳбат афзуд, ки дар масъалаи таъминот бо лавозимоти лозима дар филиали онҳо мушкилӣ вуҷуд надорад. Дар анбори корхона 575 литр маводи кимиёвӣ мавҷуд аст, ки барои коркарди зиёда аз ду ҳазор гектар замин басанда аст.

Ҳарчанд Саид Холов иддао дорад, ки мавзеъҳои паҳнгаштаи малах замини ғайрикишоварзӣ мебошанд, аммо мушоҳидаҳо аз соли гузашта гувоҳи онанд, ки дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳашарот ба замини корами сокинон низ зарари ҷиддӣ расонид.

Дар сурате ки солҳои гузашта малах ба заминҳои кишоварзии сокинон зарар мерасонад, чаро масъулин онро пинҳон медоранд? Ин савол посух металабад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»