Дувоздаҳуми декабри соли 2024 иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шунида шуд. Ӯ зикр кард, ки мониторинги ҷараёни татбиқшавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ нишон дод, ки дар 174 лоиҳа корҳо ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ иҷро гардида, азхудкунии маблағҳо 61,5 фоизи нишондиҳандаҳои пешбинишудаи панҷсоларо ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 35,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 банди фоизӣ ва ё 3,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар идомаи иҷлосия аз рӯи масъалаи дуюм ҳисоботи сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2023 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2025 шунида шуда, нақшаҳои кори Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2025 муҳокима ва қабул гардиданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои ташкил намудани комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳайати комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва шумораи ҳавзаҳо тасдиқ карда шуд.
Дар фарҷом барои иштироки фаъолона дар самти фаъолияти мақомоти намояндагӣ ва саҳми арзанда дар корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба як гурӯҳ вакилон ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»