Чанде пеш бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Бохтар таҳти унвони «Нақши занон дар рушди ҳунарҳои миллӣ» Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон баргузор шуд. Он аз се қисм — конференсияи илмӣ — амалӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Тараннуми ҳунар» иборат буд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар таъкид кард, ки аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба арзишҳои фарҳангӣ беш аз пеш арҷ гузошта мешавад. Аз ин лиҳоз, мебояд, ки дар самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, боло бардоштани мавқеи ҳунару ҳунарманд дар ҷомеа фаъол бошем.
- ҷуғрофидони асри Х Муқаддасӣ дар бораи Хатлон навиштааст: «Аз Хатлонзамин гулдӯзиҳои беҳтарин ва кашидадӯзиҳои зеборо ба бозори ҷаҳонӣ мебурданд», — иброз дошт муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова. — Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони Сомониён дар Хатлон марказҳои чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва гулдӯзӣ мавҷуд будаанд.
Дар доираи форум дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов занони ҳунарманди 25 шаҳру навоҳии вилоят намоиши ҳунарҳои миллиро баргузор карданд. Онҳо бо маҳсули дастони худ, аз қабили либосҳои занонаю кӯдаконаи абрешимӣ, атласу адрас, тоқию пироҳанҳои чакан, зардӯзӣ, калобаресию қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва дигар ҳунарҳо тавонистанд дили тамошобинро тасхир кунанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»