Бисту ҳафтуми октябри соли равон барои иштирок дар ҷашни 150- солагии зодрӯзи шоир, хаттот ва мутафаккир Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ ба шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмалик даъват шудам. Аз фурсат истифода бурда, то баргузории маросими тантанавӣ қарор додам, ки аз зодгоҳам деҳаи Кангурттут дидан намоям.
Дар саргаҳи деҳа маро директори муассисаи таҳсилоти умумии асосии рақами 62 Фазлиддин Шарифов пешвоз гирифт. Ҷавони кушодачеҳраи хушмуомила аз шароити кор, раванди таълиму тарбияи насли наврас, кору пайкори омӯзгорон бо ҳарорат сухан ронда, маро ба тамошои дафтари корӣ ва синфхонаҳо даъват намуд.
- Муассисаи таълимии шумо ба шуъбаи маорифи кадом ноҳия тобеъ аст? — пурсидам аз Фазлиддин.
- Тобеи раёсати маорифи ноҳияи Данғара, — посух дод ӯ.
Аз ҷавоби Ф. Шарифов дар ҳайрат монда, ба андеша рафтам. Ба ёд овардам, ки соли 1950 аз ҳамин деҳа оилаи моро тағоям Бегмирзо Холмирзоев ба водии Вахш кӯчонда бурд. Он замон падарам Ғулом Шарифов роҳбарии хоҷагии «Иттифоқ»- ро ба зимма дошт, ки марказаш деҳаи Кангурттут ба ҳисоб мерафт ва дар тобеияти ноҳияи Кангурт қарор дошт.
- Пас аз барҳам додани ноҳияи Кангурт, соли 1953 ин минтақаро аввал ба ноҳияи Данғара ҳамроҳ намуданд. Баъд, соли 1961, ҳангоми васеъ гардидани ноҳияи Данғара собиқ ноҳияи Кангуртро ба ноҳияи Қизил — Мазор (сонитар Темурмалик) пайвастанд. Вале деҳаҳои Кангурттут, Гули зиндон, Кӯли сӯфиён, Пушинг, Ғарғара ва чанди дигар дар тобеияти ноҳияи Данғара монданд, — гуфт директори мактаб.
Ҳайрати ман аз он буд, ки деҳаи Кангурттут бо таърихи ҳазорсола, ки ковишҳои бостоншиносӣ собит менамоянд, доимо пайвасти диёри Кангурт буд ва он аз шаҳраки Кангурт дар масофаи 3 км ва аз маркази ноҳияи Темурмалик дар масофаи 8 км ҷойгир аст. Аз ин рӯ, аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва маъмурӣ бояд тобеи ноҳияи Темурмалик бошад. Аз тарафи дигар, деҳа аз Данғара дар масофаи 23 км дурӣ воқеъ гардидааст ва мардуми он барои ҳалли мушкилоти рӯзгор ҳар рӯз бояд ин масофаро тай намоянд.
Аламовар аст, ки аз бепарвоӣ ва хатои масъулони солҳои 50- уми садаи гузашта мавзеъҳои гирду атроф ба ноҳияи Данғара комилан нодуруст пайваст карда шудааст.
Таърихи деҳаи Кангурттут ва ба диёри орифони Кангурт вобаста будани он дар асари оламшумули «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, инчунин китоби бостоншиносони Академияи илмҳои Федератсияи Россия Н. М. Виноградова, В. А. Ранов, Т. Г. Филимонова — «Осорҳои Кангурттут дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон» тасвир ёфтааст ва аз онҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки ҳудуди ин сарзамин аз ноҳияи Темурмалик ҷудонашаванда мебошад.
Аз ин хотир, аз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш дорам, ки бо истифода аз салоҳият баҳри барқарор намудани адолати иҷтимоӣ кӯшиш намоянд, деҳаи Кангурттут ва мавзеъҳои гирду атрофи онро ба ноҳияи Темурмалик баргардонанд.
Зариф ҒУЛОМ, нависанда