Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозро дар масири Душанбе — Хуҷанд — Душанбе аз нав оғоз намуд.
Он аз Душанбе ба Хуҷанд 29 ноябр шурӯъ гардида, интизор меравад, ки минбаъд ҳафтае ду маротиба амалӣ шавад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд.
Тибқи талабот, мусофирон дар толори фурудгоҳ ва зимни парвоз бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба нуқтаи бақайдгирӣ ва дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
Меъёри интиқоли ройгони бағоҷ 20 кило (эконом-класс) ва бори дастӣ 7 кило муқаррар шудааст.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»