ҲХДТ 27-сола шуд

№ 15.12.2021

Сенздаҳуми декабри соли равон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чорабинии идона баргузор гардид. Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода гуфт, ки ҲХДТ дар сафи пеши созандагӣ қарор дошта, дар рушди ҷомеа таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу оромӣ нақши созгор дорад. Бино ба гуфти ӯ, ҲХДТ бо беш аз 500 ҳазор аъзову ҷонибдор бузургтарин ҳизби сиёсии кишвар буда, неруи пешбаранда ва созандаи ҷомеа мебошад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён аз таърихи пайдоиши нахустин ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфти ки ҳадафи ҲХДТ хидмати содиқона ба манфиати халқу давлат мебошад.

Баъдан, ба чанд нафар аъзои нави ҳизб шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин, як гурӯҳ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ шуданд.

Пас аз анҷоми маросими расмӣ бо иштироки Аркестри симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»