Тавре раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азиззода зикр намуд, дар давоми нимсолаи аввали соли 2014 барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии қонунвайронкуниҳо шаш мурофиаи таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ташкил ва тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон дар барномаи «Неруи қонун» ба намоиш гузошта шуд.
Дар ин давра судҳои ҷумҳурӣ 5561 адад парвандаҳои гражданӣ, 16912 оилавӣ, 4588 ҷиноятӣ, 25191 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла оид ба риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 336 парванда, вобаста ба вайрон кардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 5167 парвандаи судиро баррасӣ намуданд.
Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»