Чанде пеш Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» силсилафилми мустанади «Хиёнат»-ро дар панҷ қисм таҳия кард, ки он аз тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пахш гардид. Бояд қайд намуд, ки гурӯҳи эҷодии филм заҳмати зиёд кашида, сабту навори нодири солҳои 1990-1994-ро пайдо кардаанд. Масалан, лаҳзае ки воқеаҳои феврали соли 1990-ро дар экран мебинем, воқеияти он солҳоро дар мисоли фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти террористии наҳзат бозгӯйӣ менамояд.
Таҳиягарони филми мустанади «Хиёнат» суҳбат бо шоҳидон ва нишон додани сабту наворҳои он замонро хеле нишонрас истифода кардаанд. Махсусан, ваҳшигарии аъзои ташкилоти террористии наҳзат дар робита ба қатли сарбозони ҷавони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади таъмини сулҳу субот ба водии Рашт рафта буданд, тамошобинонро ба риққат меорад. Он лаҳзаҳои филм хеле таъсирбахш аст ва тамошобинро бетараф гузошта наметавонад. Ҳамчунин, ёдрас менамояд, ки аз дасти қотилони миллат ҳатто шахси намакхӯрда ҳам ҷон ба саломат набурдааст.
Вақте дар наворҳо расми шахсони барӯманди Тоҷикистон Н. Ҳувайдуллоев, М. Назаршоев, М. Осимӣ, М. Ғуломов, Ю. Исҳоқӣ, С. Ситковский, С. Кенҷаев, В. Никулин, С. Сангов, С. Раҳимзод, М. Олимпур, Х. Ҳайдаршо, Ҷ. Ҳотамӣ, К. Юлдошев, М. Назриев, О. Латифӣ ва дигаронро мебинем, дарк менамоем, ки каллабурҳои наҳзатӣ ба кадом хотир дар навбати аввал маҳз онҳоро нест кардаанд. Чунин шахсони донишманд, поквиҷдон ва ватандӯст моҳиятан устухон дар гулӯи аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии наҳзат буданд.
Филми «Хиёнат» аз аввал то охир даҳшатангез аст. Тамошобин филмро оромона тамошо карда наметавонад, зеро дар ҳар лаҳзаи филм дард, ранҷ, ғам ва мотам аст.
Дар қисмати сеюми филм таҳиягарон мушро ҳангоми ба мушқапак наздик шудан нишон додаанд. Ин рамзист. Маънӣ дорад, агарчӣ дар навор сода метобад. Яъне, навкарони ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат ҷавонони роҳгумро ба доми фиреб андохта, барои «таҳсил» ба мамлакатҳои Арабистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мефиристоданд. Дар натиҷа, аз онҳо фидоӣ, муҷоҳид ва каллабурҳо тайёр карда, ба Ватан мефиристонанд.
Баъд аз ҳар як сужа титри филм – сурати гурги даранда такрор мешавад. Ба ибораи дигар, аъзои ТТЭ ҲНИ мисли гурги хунхоранд.
Пас аз тамошои силсилафилм метавон «фаъолият»-и ТТЭ ҲНИ-ро ба чанд қисм ҷудо кард. Аввалан, он хунхорон корашонро аз одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ оғоз карданд. Сониян, аъзои ин ташкилот ба кадом минтақа ё деҳаву ноҳия мерасиданд, ҳатман аз шумори духтарони ба балоғатнарасида ду ё се зан мегирифтанд.
Наҳзатиён усулҳои ҷазоро ҷорӣ карда буданд, ки бо номи бочка- зиндон ё ҳаммоми Туркманистон дар дили мардум тарсу ваҳмро меандохтанд. Ин саҳнаҳои филм якчанд бор такрор шудаанд ва тамошобинро ҳушдор медиҳад, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат агар «аз асп фаромада» бошанд ҳам, «аз узангӣ нафаромадаанд».
Таҳиягарон асаре офаридаанд, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва шинохти ифротгароёни динӣ нақши бориз хоҳад гузошт.
Баъди тамошои «Хиёнат» ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд хулоса баён созад.
Шаҳрвандон тавассути филм бори дигар аз кирдору рафтори саркардаи наҳзатиҳо ва думравонаш хубтар огоҳ гардиданд. Ҳамчунин, филм гӯшонаест, даъвате хоҳад шуд ба он ҷавононе, ки фирефтаи наҳзатиён шуда, дар хориҷи кишвар дарбадаранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти санъати кино чунин фармудаанд:
«Кино чун рукни фарҳанги ҷамъият муҳимтарин воситаи таблиғу оммавӣ намудану густариш додани идеологияи давлатӣ ва миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ягон навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад».
Дар маҷмӯъ, «Хиёнат» дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аввалин филми мустанадест, ки ба душманони миллати тоҷик аз экрани кино ҷавоб гуфт. Посухе, ки нотавонбинони миллату Давлати тоҷик ба он арзандаанд.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»