Аз ҳаёти вакилони халқ

Хизматҳои депутат Бобохонов фаромӯш намешаванд

№71 (4333) 29.05.2021

Халимов (1)Шодравон Сангаҳмад Даминзода шахсияти обрӯманди соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб буд. Чанд соли охири умр ба ҳайси раиси ветеранҳои ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб низ фаъолият карда, дар бораи шахсиятҳои бузургу ҷонфидо очерку мақолаҳо навиштааст.

Доир ба фарзанди бунёдкору созанда Қунуш Бобохонов, ки баҳри тараққиёти собиқ вилояти Кӯлоб ҷонбозиҳои зиёд кардааст, очерки нотамом дорад. Порае аз он чунин аст:

«Панҷуми майи соли 1955. Котиби якуми Комитети партиявии ноҳияи Шӯрообод Қунуш Бобохонов дар кабинет машғули мутолиаи асари Николай Островский «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад?». Ногоҳ ба идорааш зани ҷавону зебои кафқозӣ даромада, бо ҳаяҷон мегӯяд:

- Муаллим, ба мо ёрии шумо лозим. Дар деҳаи Навободи деҳоти «Девдор» ҷавонзанеро, ки 12 сол боз дар орзуи фарзанд буд, дарди таваллуд гирифтааст. Ба ӯ кумак даркор. Мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба он ҷо рафта наметавонад. Мошини хизматиатонро якрӯза ба ихтиёри мо диҳед.

 Котиб ронандаро ба наздаш даъват карда, гуфт:

- Ман ба раиси колхози ба номи Чкалов Шарифзода супориш медиҳам, то трактор диҳад, ки вобаста ба зарурат дар ҷойҳои душворгузари роҳ мошинро кашида, ба манзил расонад.

 Аз байн чор рӯз гузашт. Котиби комитети комсомолии колхози «Сотсиализм»-и ноҳия Нурулло Олимов ҳамроҳи сардухтур вориди идораи котиб шуданд. Духтур – зани кафқозӣ воқеаро бо ҷузъиёташ нақл карда гуфт, ки баъди интизории 12 — сола оилаи ҷавон соҳиби духтарча шуданд. Ин падари хушбахт ҳамроҳи ман, ба назди шумо омадааст, ки миннатдориашро баён кунад. Агар дастгирии шумо намебуд…

- Бачам, давлат кардӣ, ки дар район духтури ғамхору пурҷасорат дорем. Барои ҳамин номи духтарат Давлатбӣ, — гуфт котиб.».

Ҳоло Давлатбӣ соҳиби маълумоти олӣ, дар деҳа омӯзгор шуда кор мекунад ва соҳиби чор фарзанд аст. Ба фарзандонаш ин рӯйдоди таърихиро, ки аз падару модараш шунидааст, нақл карда мегӯяд, ки чӣ тавр ба шарофати духтур Сара Мшавадзе ва котиби райком Қунуш Бобохонов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст…

Қаҳрамони матлаб солҳои вазнин дар ноҳияҳои Сарихосор, Қизилмазор, Шӯрообод ва шаҳри Кӯлоб ба ҳайси котиби якуми Ҳизби коммунист кор кардааст. Баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ раисии Комиҷроияи вилояти Кӯлобро ба уҳда дошт. Баҳри эъмори роҳҳои байниноҳиявӣ, пулҳо, мактабу табобатхонаҳои собиқ вилояти Кӯлоб хизматҳои шоён ба анҷом расондааст.

Боре дар баҳорон, борони сахте меборид, гӯё аз осмон бо сатил об мерехтанд. Ба Бобохонов хабар доданд, ки дар поёни Даҳана сел чанд хонаро зада, ду нафарро бурда истодааст. Ҳеҷ кас ҷуръати ба об даромадану халос кардани офатзадагонро надорад.

 Раис дар муддати кӯтоҳ бо мошинаш ба ҷои ҳодиса расид. Аспашро он ҷо ҳозир карданд ва ӯ савор шуд. Чун човандози касбӣ дар андак вақт марду зани дар ғафсии лойи сел дармондаро ба соҳил баровард…

Мардуми минтақа дар бораи Қунуш Бобохонов бо самимият сухан мегӯянд. Ёдовар мегарданд, ки ба халқу Ватан садоқати бепоён дошту ҳамеша тайёр буд, ки ба корафтодагон дасти ёрӣ дароз кунад. Кору зиндагии ӯ намунаи ибрати зердастон буд.

Ӯ соли 1910 дар Сарихосор, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Дар семоҳагӣ аввал аз модар, баъдтар аз падар маҳрум мемонад. Давраи наврасиаш дар тарбияи хешовандон хеле вазнин гузаштааст. Аз хурдсолӣ ба илму дониш муҳаббат дошт. Асарҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаи ба дасташафтодаро бозавқ мутолиа мекард. Дар чойхонаи маркази ноҳия рӯзе як маротиба ба мардум рӯзнома қироат мекард. Чун ҷавони босавод ва ташнаи илм ӯро барои хондан ба курсҳои муаллимтайёркунии ноҳияи Балҷувон мефиристанд.

 Баъди хатми курсҳои муаллимтайёркунӣ бо баҳои аъло солҳои 1932-1934 дар Сарихосор омӯзгорӣ мекунад. Соли 1938 ҳамчун кадри болаёқат Бобохоновро бо роҳхат барои таҳсил ба Техникуми хоҷагии қишлоқи Сталинобод мефиристанд. Техникумро соли 1941 хатм карда, дар ноҳияи зикршуда мудири шуъбаи тарғиботи комитети партиявӣ таъин мегардад. Соли 1942 ин марди мушкилнописандро котиби дуюми Комитети партиявии ноҳияи Шӯрообод таъин намуданд.

Амалҳои созандаю кордонии ӯ аз назари роҳбарони Комитети марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дур намонд. Соли 1944 котиби якуми Ҳизби коммунисти ноҳияи Балҷувон гардида, дар ин вазифа то соли 1947 кор кард. Дар он солҳои вазнин нақшаҳои соҳаҳои хоҷагии қишлоқ барзиёд иҷро мегардиданд. Биноан, ӯро барои хондан ба Мактаби дусолаи партиявии назди КМ ПК Тоҷикистон фиристоданд Баъди хатми он солҳои 1949 — 1953 раисии Комиҷроияи собиқ вилояти Кӯлобро ба зимма дошт. Дар он солҳо ӯ кори басо душвор — аз кӯҳистон ба таҳдашт кӯчонидани аҳолӣ ва обод кардани ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Фархорро роҳбарӣ намуд.

 Заминҳои туқайзорро ҳамвор кардану дар онҳо пахтакориро ба роҳ мондан ва дар як вақт барои мардуми муҳоҷир манзил бунёд кардан кори осон набуд. Ҳолатҳое буданд, ки дар вақти шудгор тракторҳо дар заминҳои нав фурӯ мерафтанд. Қисмате аз мардуми аз зодгоҳи хушобу ҳавои кӯҳистон дуршуда, ки дар қиёс бо гармиҳои тоқатфарсои туқайзор биҳиштро мемонд, пинҳонӣ ба деҳаҳояшон бармегаштанд. Баргардонидани мардуми кӯҳистон ба туқайзорҳо ва ин маконро ба макони «тиллои сафед» ва боғоти шакарин табдил додан, воқеан, қаҳрамонӣ буд.

Номбурда чор дафъа депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб ва бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи якуму дуюм, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», орденҳои «Нишони фахрӣ» ва «Байрақи сурхи меҳнат» мукофотонида шудааст. Мардуми куҳансоли Кӯлоб хизматҳои шоистаи раиси Комиҷроияи вилоят Қунуш Бобохоновро то ҳол дар ёд доранд. Аз он нигаронем, ки чаро ягон маҳалла ё муассисаи илмию фарҳангии шаҳр ба номи ин марди некхоҳу бунёдкор гузошта нашудааст.

Соли равон, ки шодравон Қунуш Бобохонов 111 — сола мешавад, шояд ба ин масъала таваҷҷуҳ карда шавад.

Ғайбулло ҲАЛИМОВ,

рӯзноманигор