Хизмати ҳарбӣ мактаби далерию ҷавонмардист

№71 (4333) 29.05.2021

АхмадзодаМувофиқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 20 рӯзи моҳи апрел нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 80,5 фоиз иҷро шуд. Ин аз баландшавии эҳсоси ватандӯстии ҷавонони кишвар гувоҳӣ медиҳад. Дар ин бобат бо муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода мусоҳиб шудем.

- Мегуфтед, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонони кишвар чӣ тадбирҳоро амалӣ месозад?

- Яке аз самтҳои афзалиятноки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи ватандӯстии ҷавонон мебошад. Дар ин самт аз ҷониби кумита ва сохторҳои он корҳои зиёде анҷом дода мешавад. Ҳоло дар 68 шаҳру ноҳияи кишвар сохторҳои маҳаллӣ дорем, ки баҳри анҷом додани мулоқоту вохӯриҳои судманд ва чорабиниҳои тарбиявӣ корҳои назаррас мекунанд. Фаъолияти онҳо ба самтҳои зерин нигаронида шудааст. Якум, дар вуҷуди ҷавонон бедор намудан ва дучанд намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарварӣ. Дуюм, ҳидоят намудан барои эмин буданашон аз таҳдидҳои замони муосир. Сеюм, иҷро намудани рисолат ва уҳдадориҳои шаҳрвандиашон, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

Кумитаи кор бо ҷавонон дар давоми се моҳи соли равон дар сатҳи ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳоро вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон доир кард. Аз ҷумла, барои аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо қисмҳои низомии кишвар Рӯзи дарҳои кушод баргузор намуд. Ба ин чорабинӣ хонандагони синфҳои 9 — 11 ва онҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил мекунанд, ҷалб шуда, бо шароити будубош ва машқҳои таълимии сарбозон ошно шуданд. Барои ҳавасманд намудани сарбозону афсарон низ пайваста аз ҷониби кумита тадбирҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Моҳи феврал бо иштироки ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва сохторҳои қудратие, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият доранд, Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз»-ро доир намудем. Дар он сарбозону афсарон аз ҳаёти сарбозӣ, аз садоқатмандӣ ба Ватан ва модар таронаҳо суруда, бо туҳфаҳои хотиравии кумита қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, барои зиёд намудани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби кумита ва сохторҳои он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мулоқоту вохӯриҳо бо ҷавонони синфҳои болоӣ доир карда шуданд. Дар онҳо аз хусуси имкониятҳои фароҳам­овардаи Давлат ва Ҳукумати кишвар вобаста ба анҷом додани уҳдадории шаҳрвандии ҷавонон маълумот дода мешавад. Чорабинии наве, ки кумита роҳандозӣ кардааст, иштироки ҷавонон дар маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Бо адо кардани уҳдадории ҳарбӣ ҳар як ҷавон ҳифзкунандаи диёр мегардад. Вай мактаби далерӣ, шуҷоат, матонат ва истодагариро пушти сар мекунад, аз олами кӯдакиву нофаҳмӣ берун мебарояд ва ба зиндагии мустақил омода мешавад. Бо адо кардани уҳдадории ҳарбӣ ба қадри Ватан расида, мактаби ҷавонмардиро мегузарад.

- Оё аёдати наваскарон аз ҷониби падару модарон низ ба роҳ монда шудааст?

- Аёдати наваскарон падидаест, ки пайваста доир мешавад. Дар қисмҳои низомӣ утоқи пазироӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо мулоқоти сарбозону афсарон бо волидайнашон ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш низ пайваста баҳри дур намудани ташвишҳои падару модарон мулоқотҳо ташкил карда мешаванд. Дар ҳошияи мулоқотҳо омода намудани хӯрокҳои миллӣ бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо даъвати падарону модарон аз як минтақа ба минтақаи дигар вобаста ба ҷойи хизматашон ташкил карда мешавад. Ин таҷрибаи чандинсола аст, ки боиси хотирҷамъии падару модарон мегардад. Инчунин, барои сарбозону афсароне, ки оиладор ҳастанд, утоқҳои пазироии оилаҳои онҳо вуҷуд доранд ва ин иқдом пайваста роҳандозӣ карда мешавад.

- Вобаста ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ боз кадом тадбирҳоро ба нақша гирифтаед?

- Барои ҳавасманд гардонидани ҷавонон, аз имкониятҳои кумитаҳои марказӣ, ташкилоти «Мададгори мудофиа» вобаста ба омӯзонидани касбҳои гуногун, анҷом додани курсҳои ройгони омӯзиши ронандагӣ истифода бурда мешавад. Кумита фестивали чорабиниҳоро дар ин самт бо иштироки ҷавононе, ки дар синни даъват ҳастанд, ташкил мекунад.

Баргузории Рӯзҳои дарҳои кушодро минбаъд низ ба роҳ мемонем ва мулоқоту вохӯриҳои судмандро барои анҷом додани рисолати ҳарбӣ мегузаронем. Ташкили озмунҳо, ба монанди «Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист» ва «Ҳимояи Ватан — вазифаи ман» аз ҷумлаи тадбирҳое ҳастанд, ки аз ҷониби кумита амалӣ карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар арафаи таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва ин Истиқлолияти давлатӣ ва умуман сулҳ, субот, ваҳдати миллӣ, муттаҳидиву сарҷамъии миллат ба осонӣ ба даст наомадааст. Идомадиҳандаи ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзкунандаи муқаддасоти давлатӣ, пойдор нигоҳдорандаи истиқлолияти Ватан ҷавонон ҳастанд. Ояндаи миллат, симои миллат ва идомадиҳандаи сиёсати давлат низ ҷавонон мебошанд.

Мусоҳиб Боймурод ОЛИМОВ,

таҷрибаомӯзи «Садои мардум»