Аз Иҷлосияи вакилони халқи вилояти Суғд

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД, ВАЛЕ…

№ 27.06.2024

раисЧанде пеш иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати VI) баргузор гардид, ки масъалаи асосии он ҷараёни татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» буд.

Оид ба ин масъала вакил аз ҳавзаи «Исфисор — 62», муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дод. Бино ба гуфти маърӯзачӣ бобати иҷрои самараноки қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, нақшаи чорабиниҳо иборат аз 21 банд мавриди амал қарор дода шудаанд.

Зикр гардид, ки масъалаи таъмини рушди инфрасохтор ва таъмини  технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ асоси рушди иқтисоди рақамӣ  буда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар доираи амалишавии барномаҳои давлатӣ вобаста ба рушди соҳаи иттилоот ва рақамикунонии иқтисодиёт номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ сол аз сол тақвият меёбанд. Аз ҷумла, дар соҳаи андоз системаҳои пешниҳоди ҳисоботи электронӣ пурра ҷорӣ шуда, дар сохтори бонкдорӣ хизматрасониҳо тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд шаҳраку деҳот ба тариқи пилотӣ усули ҷамъоварӣ ва коркарди ҳисобот тариқи электронӣ ҷорӣ гардидааст.

- Дар шароити муосири пешрафти бесобиқаи илму техника таъмин намудани рушди босуботи иқтисоди миллӣ бидуни истифодаи васеи унсурҳои иқтисоди рақамӣ, густариши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тайёр намудани кадрҳои дорои донишу малакаи муосир, ки дар навбати худ ба тиҷоратикунонии фаъолияти илмию инноватсионӣ имкон фароҳам меоваранд, ғайриимкон мебошад, — таъкид дошт Анвар Яъқубӣ.

Маълум гардид, ки дар татбиқи самараноки қарори рақами 460 монеаҳо низ вуҷуд доранд. Аниқтараш, дар хизматрасонии билингӣ ширкатҳои алоқаи мобилии дар қаламрави вилоят амалкунанда сатҳу сифати зарурии хизматрасониро таъмин карда натавониста истодаанд, ки дар натиҷа дар ин самт мушкилиҳо рӯи кор меоянд.

- Чанд моҳ муқаддам як миқдор маблағҳои хизматрасонии мо аз тарафи истифодабарандагони об бо усули билингӣ пардохт шуда буд, -мегӯяд сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Масчоҳ Искандар Азизов. — Бинобар сифатнок набудани хизматрасонии алоқаи мобилӣ маблағи пардохтшуда ба суратҳисоби дигар интиқол ёфта, бозгардонии маблағ бароямон басо гарон афтод…

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ва мушкилоту монеаҳои ҷойдошта, дастуру супориш ва пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»