Бо барҳам хӯрдани сохти шӯравӣ корхонаҳои ободи он ҳам аз байн рафтанд. Аз вазъияти барояшон хеле мусоид манфиатҷӯён моҳирона суиистифода намуда, биноҳоеро, ки бо маблағи зиёд сохта шудаю ҳазорон – ҳазор одам дар онҳо кор мекарданд, бо нархҳои ночиз хусусӣ карданд. Касе ҳам пайдо нагардид, ба онҳо фаҳмонад, ки сохт дигар шуда бошад ҳам, зиндагӣ давом дорад. Барои ҳама шакли ҷамъиятӣ заводу фабрика ва дигар корхонаю коргоҳҳо заруранд. Иншооти харидоришуда бояд мақсаднок истифода шаванд ва дар шакли муфиди дигар бозсозӣ гарданд.
Аммо… Баръакс, он ҳамаро барои манфиати шахсӣ ё савдо карда ё ба ҳавлии шахсӣ табдил доданд. Аз таҷҳизоту технологияи замонавии хориҷӣ, ки бояд ба хизматрасонии муосир барои мардум мусоидат намояд, низ бо мақсадҳои дигар истифода мешавад. Дигар фикри бо заҳмати ҳалол пеш бурдани рӯзгор аз сарҳо дур шуда истодааст. Ҳоли ҷомеа чӣ мешавад ва ин ҳама хараҷу мараҷ, қонуншиканию худсариҳо фардо ба сари мардум чӣ вазниниҳоро меорад, кам касонро ба ташвиш мегузорад. Сари ҳар қадам дурӯғ, фиребу риёкорӣ ба чашм мерасад. Дар мусофирбарҳои дохилишаҳрӣ аз камчинии пули майда кас ба ҷон меояд. Пулчинакҳои аксарашон наврас бо сад баҳона кӯшиш менамоянд, ки бақияро надиҳанду мусофир фаромӯш карда, баромада равад. Дар дӯкону бозору мағозаҳо низ. Дар бораи гурӯҳи дуздони ҳамёну телефонҳои мусофирон дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ бошад, ҳоҷати гап намемонад. Гӯё ки қонуну қоидаҳои мубориза бо дуздию ғоратгарӣ ҳам аз байн рафта бошад.
Дар баъзе аз ҷойҳо мардумфиребӣ ошкоро ва ба меъёр табдил шудааст. Дар ҳоле ки ҳама он сохторҳои қудратии мубориза бар зидди амалҳои номатлуб дар ҷомеа расман дар фаъолиятанд. Кор ҳамин хел рафтан гирад, будан ё набудани корхонаҳои истеҳсолӣ дигар барои бархе фарқе надорад, зеро ин қабил роҳҳои осону нав ба нави соҳиб шудан ба даромади муфтро кашф карда баромадаанд. Дар утоқҳои салқин, тозаю барҳаво нишаста, бархе аз ҷавонони чаққони замон даромади солонаи деҳқонони дар сармою гармо машғули меҳнати ҳалолро дар як ҳафта пайдо мекунанд. Хуб медонанд, ки на ҳамаи муштариён дар ин давраи ҳассосу серташвиш имконияти назорат аз болои маблағҳои телефонии худро доранд. Намешавад, ки ҳама кору борро як сӯ гузошта, фақат ба ҳисобу китоби маблағи гузаронда машғул шуд. Танзимгарони алоқаи мобилӣ худ бояд аз рӯи инсофу виҷдон хидматгузориро ба роҳ монанд. Кам нестанд шахсони солманд, ки ба ҷуз пахш кардани тугмаи овози телефонашон дигар чизеро аз амалиёти телефонӣ сарфаҳм намераванд.
Мавриди масъалаҳои доғи ҷомеа мисолҳо лак андар лаканд. Алҳол бо овардани ду мисол қаноат мекунем. Яке аз онҳо ғайриқаноатбахш будани хизматрасонии алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Арзу шикоят аз сифати пасти хизматрасонӣ, мардумфиребии танзимгарони алоқаи ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ аз тариқи матбуоту сомонаҳои интернетӣ охир надоранд. Бадии кор дар он аст, ки пинаки мардумфиребон — ҳаводорони пули муфт вайрон намешавад. Ин ҳама дар шароитест, ки муштариён аз қиматии нархи интернету дигар воситаҳои хизматрасонии комунналӣ, нархи маҳсулот дар бозору мағозаҳо шикоят мекунанд. Дар ҳоле ки бо дарназардошти афзоиши норозигии мардум ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз 23 июли соли 2016, №1339 ба тасвиб расидааст.
Телефони одии дастӣ дорам, ки имкони истифодаи интернетро надорад. Симкорти ширкати «Мегафон» ва «Билайн» — ро дорам, ки чанде пеш ба «ZET — MOBILE» тағйири ном намудааст. Чандин маротиба, суҳбати телефониро ба ҳисоб нагирем, ба нуқтаи дар мавзеи «Гулистон» будаи «Мегафон» рафта, аз танзимгарони ҷавони он хоҳиш намудам, ки бинобар одӣ будани телефонам, ба паёмакҳои даркору нодаркор эҳтиёҷ надорам. Фиристодани онҳоро ба ман қатъ кунанд, зеро маблағро беҳуда сарф мекунанд. Баъд аз гузашти як ё ду рӯз боз ирсоли паёмакҳо шурӯъ мегарданд. Муносибати танзимгарони ширкати дуюмӣ бошад, бадтар аз ин аст. Ба ҳамин дараҷа ба қавле, «пурпӯст» шудаанд онҳо. Ҳирсу бешармии аз ҷавонӣ онҳоро фарогирифта ин қабил ҷавонон ва ҷомеаро то куҷо мебурда бошад?
Мисоли дигар, фаъолияти ғайриқаноатбахши ду дастгоҳи пулгузаронӣ ва пулгирӣ дар даромадгоҳи бинои КВД КТН «Шарқи озод» мебошанд, ки зуд — зуд аз кор мебароянд. Аз ҷумла, бегоҳи 24 июли соли равон ба симкорти «ZET — MOBILE» 10 сомонӣ гузарондам, ки то ба ҳол аз он дарак нест. Маҷбур шудам, ки аз дигар нуқта ба телефон боз маблағ гузаронам. Бо рақами зери шишаи дастгоҳ нишондодаи ширкат 919 11 80 80 борҳо занг зада бошам ҳам, касе гӯширо намебардошт. Ҳол он ки шояд чун ман чандин каси дигар ва бо маблағи аз ин ҳам бештар пул ворид намуда, сарсону саргардон гаштаанд. Аз муҳофизони назди даромадгоҳ фаҳмидам, ки масъул ё назоратчии дастгоҳ сари чанд вақт омада, маблағро мебарад ва таҷҳизот моли МДО «Пайванд» будааст. Муҳофизон баён доштанд, ки ба таъкиди чандинкаратаи онҳо низ шахси масъул ба назорат аз болои фаъолияти таҷҳизоти пулгузаронӣ эътибор намедиҳад. Аммо аз сӯи ширкати мазкур фиристондани паёмакҳои даркору нодаркор хеле зиёд мебошад.
Дар муддати начандон зиёд туфайли сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо симои пойтахт, балки шаҳру навоҳии мамлакат ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт. Бинобар ин, зарур аст, ки муносибату рафтор, хулқу атвори мо низ ба ин ҳама ободию зебоиҳо ҷавобгӯ бошанд.
Дар урфият мегӯянд, ки «мурдани кампир гап нест, вале аҷал омӯхта мешавад». Мутаассифона, дар ҷомеаи мо гирифторӣ ба дарди ҳаққимардумхӯрӣ дар байни ҷавонон дар ҳоли афзудан аст, ки оқибаташ ба хайр бошад. Барои тоифае байни луқмаи ҳалолу ҳаром дигар фарқ намондааст. Бадии кор дар он аст, ки корҳои носавоби шахсони алоҳидаи манфиатҷӯй ба обрӯи Давлату ҳукумат таъсири манфӣ мерасонад ва норозигии мардумро ба миён меорад. Бе ин ҳам болоравии нарху навои маҳсулот, сӯзишворӣ, хизматҳои дигари коммуналӣ ҳоли мардумро ба танг овардааст. Кори ҳаннотон бошад, болои захм намак пошиданро мемонад. Шояд, ин ҳама шикоят ба гӯши масъулон расаду пеши роҳи қаллобон гирифта шавад. Вагарна, муҳити зиндагӣ ҳамон хоҳад буд, ки Мирзо Абдулқодири Бедил гуфта:
Чӣ қиёмат аст ё Раб, ба ҷаҳони бениёзӣ,
Ки зи ғайб то шаҳодат ҳама ҷо гадо нишаста.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»