Оё мо онро дорем?
Боиси хушнудист, ки обрӯи мамлакат ҳамчун кишвари сайёҳӣ сол то сол баланд мешавад. Чунончӣ, соли гузашта бори аввал ба ҷумҳурӣ зиёда аз 1 миллион сайёҳ ташриф овард.
Инчунин, ҷумҳурӣ соли 2014 тибқи баҳогузории сомонаи интернетии «Globe Spots» дар даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ ҷой гирифт. Соли 2015 шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона ворид гардид. Мувофиқи баҳогузории Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ (UN WTO), соли 2016 Тоҷикистон дуюмин кишвари соҳаи туризмаш дар ҳоли рушд эътироф шуд. Соли 2017 тибқи маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистон дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107- ро ишғол намуд. Ҳамчунин, дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд, ҷойи сеюмро гирифт.
Вақте Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Толиб Рифоӣ соли 2016 ба Тоҷикистон омад, таассуроти сафарашро дар ВАО чунин баён кард: «Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ иқтидори зиёд дорад. Табиати он бениҳоят тозаю ҷолиб аст. Бисёриҳо дидани чунин манзараҳои зеборо орзу мекунанд. Дар Тоҷикистон туризми экологӣ, табиӣ ва саргузаштиро, ки дар ҷаҳон ҷойи намоён дорад, равнақ бахшидан мумкин аст. Ҳамаи инро ба ҷаҳониён бештар бояд муаррифӣ кард».
Ба шарофати ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар бахши сайёҳӣ бо кишварҳои олам ҳамкориҳои судманд густариш ёфта истодааст. Чунончӣ, моҳи феврали соли равон дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин Форуми байналмилалӣ оид ба саёҳати зиёратӣ баргузор гардид, ки намояндагони Тоҷикистон низ дар қатори 34 кишвари дунё дар он ширкат намуданд. Ҳоло дар доираи созишномаи дахлдор сокинони ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуқуқ доранд, ки бидуни раводид ба мамолики ҳамдигар сафар намоянд.
Дар рушди соҳа мукаммалгардонии заминаи меъёрии ҳуқуқии сайёҳӣ нақши муҳим мебозад. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» қабул шудааст. Барои татбиқи имтиёзҳои фароҳамовардаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид. Бо истифода аз онҳо даҳ лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Ҳоло «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2020» бомаром амалӣ шуда истодааст. Дар он ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ба роҳ мондани муколама ва шарикии давлату бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ, фароҳам намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, коркард ва интишори матолиби иттилоотӣ ва тарғибу ташвиқи он, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, инфрасохтори сарироҳӣ, инчунин тарбияи мутахассисон барои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ диққати зарурӣ дода шудааст.
«Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бошад, дар се марҳила амалӣ мешавад. Ҳар марҳила чор солро дар бар мегирад.
Дар пойтахти мамлакат низ бо мақсади рушди сайёҳӣ тадбирҳои муассир андешида мешавад. Боғу гулгаштҳое, ки солҳои охир дар он мавриди истифода қарор гирифтанд, мақбули сокинону меҳмонон гаштааст. Боиси хушнудист, ки тайи ду соли оянда дар шаҳри Душанбе сохтмони нуҳ меҳмонхонаи замонавӣ барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст. Чанде пеш нахустин бор дар таърихи мамлакат дар кӯчаҳои пойтахт автобуси дуошёнаи истеҳсоли Корхонаи муштараки тоҷикӣ – туркии «AKIA AVESTO» ба ҳаракат даромад. Оянда сайёҳон тавассути он бо мавзеъҳои ҷолиби таърихиву фарҳангии Душанбе ошно хоҳанд шуд.
Барои рушди сайёҳӣ, дар баробари доштани захираҳои бойи туристӣ, ду омил нақши муҳим мебозад: амният ва хизматрасонии босифат. Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки дар ҳифзи сулҳу суботи мамлакат ҳисса гузошта, фарҳанги шаҳрнишиниро риоя кунад. Барои покиза нигоҳ доштани маҳалли зист кӯшиш намояд. Зеро сайёҳон, дар баробари дидани манзараҳои зебою зиёрати мавзеъҳои таърихӣ, ба фарҳангу одоб низ баҳо медиҳанд. Бояд тарзе рафтор намоем, ки сайёҳон аз кишвар бо таассуроти нек баргарданд.
Саидаҳмад УСМОНЗОДА, судяи Суди шаҳри Ҳисор