Аз соли 1950 бо пешниҳоди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол 7-уми апрел Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат аксар кишварҳои дунё чорабиниҳои маърифатӣ — иттилоотӣ баргузор намуда, дар байни аҳолӣ ташхису табобати ройгонро ба роҳ мемонанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин чорабинӣ имсол бо шукӯҳу шаҳомоти хос баргузор гардид.
Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат, беморхонаҳои минтақавӣ, Муассисаи давлатии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва марказҳои саломатии деҳоти шаҳри Ваҳдат доир шуд. Аз соати 8-и субҳ табибон ройгон шаҳрвандонро муоина карда, бо доруворӣ таъмин намуданд.
Ба ширкаткунандагон дар маркази шаҳр ва деҳоти он бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, дигар бемориҳо, инчунин «COVID-19», ки то ҳол дар аксар кишварҳо боқӣ мондааст, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда, буклету варақаҳои иттилоотӣ, маҷаллаи «Даво» ва рӯзномаи «Паёми шифо» дастрас шуд.
- Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Ваҳдат ва деҳоти он доир мегардад. Агар се соли охир санаи мазкур ба муолиҷа ва ташхиси бемориҳои сироятӣ, ултрасадо, сабти барқии дил, бемориҳои қалб, бемориҳои амрози занона, фишорбаландӣ, ҷоғар (зоб), бемории диабету афсурдаҳолӣ (депрессия), дилу рагҳои хунгард, бемориҳои дарунӣ бахшида шуда бошад, соли 2023 зери шиори «Ҳадафи мо — кафолати солимии аҳолӣ» баргузор шуд,- гуфт сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Сироҷиддин Раҳмонзода.
Зикр шуд, ки аз рӯзҳои аввали моҳи апрел дар деҳоти дурдасти «Ромит», «Чорсӯ», «Чӯянгарон», «Симиганҷ» ва «Гулистон» 70 кӯдак аз ҷониби табибони собиқадор хатна шуданд. Инчунин, ҳар моҳ дар деҳоти зикршуда «Корвони саломатӣ» ташкил шуда, гурӯҳи калони мутахассисони соҳа ба мардум ройгон хизмат мерасонанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»