Хизматрасонии соҳаи алоқаи почта беҳтар мегардад

№ 11.11.2022

Хизматрасонии алоқаи почта барои ҷомеа хеле муҳим буда, кормандони ин ниҳод дар таъмини аҳолӣ, идораву ташкилот ва корхонаву муассисаҳо бо рӯзномаву маҷалла, мактубу бастаҳо, даъватнома, барқияҳо ва ҳаволапулиҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Муассисаи алоқаи Почтаи ноҳияи Рӯдакӣ дорои даҳ шуъба буда, дар он 30 мутахассис фаъолият менамоянд. Онҳо барои сари вақт дастрас кардани рӯзномаву маҷалла, мактубу барқия ва ҳаволапулиҳо ба аҳолии шаҳраку деҳот ва беш аз 200 идораву корхона ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия  сафарбар шудаанд.

Зимни суҳбат сардори муассиса Абдулмаҷид Яхшибеков гуфт, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар анҷомҳои зарурие, ки ба хизматрасонии почта алоқамандӣ дорад ва ҳамарӯза ба Почтаи марказии ноҳия ворид мешаванд, аз тарафи масъулон сари вақт ба нишонии муайяншуда ирсол мегарданд. Ҳамчунин, рӯзномаҳое, ки дар як ҳафта ду-се маротиба нашр мешаванд, низ бо ҳамин тартиб, яъне дар як ҳафта се маротиба ба минтақаҳои муайяншуда дастрас карда мешаванд.

Роҳбарияти Муассисаи алоқаи Почтаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ новобаста ба иҷрои вазифа ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, фармоишҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Почтаи Тоҷик» шароитҳои моддию техникиро фароҳам оварда, ҳамарӯза хизматрасониҳоро аз рӯи стандартҳои муқарраргардида ба роҳ мондаанд. Муассиса дар баробари дигар корхонаву ташкилот ва идораҳо  дар доираи нақша – чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ фаъолона иштирок намуда, дар қитъаҳои ба онҳо вобасташуда ва атрофи бинои маъмурии муассиса ҳамарӯза корҳои ободониву созандагиро ба роҳ мондаанд. Давоми даҳ моҳи соли равон ҳуҷраҳои корӣ ва роҳраву атрофи бинои алоқаи Почтаи марказӣ ва шуъбаҳои алоқаи он дар шаҳраку деҳоти ноҳиябуда аз таъмир бароварда шуданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»