Маркази минтақавии перинатологии шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 мавриди истифода қарор гирифта буд.
- Солҳои пешин барои муоинаи беморон, хусусан занҳои қобили таваллуд, дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар беморхона намерасиданд. Хушбахтона, ҳоло дар тобеияти Беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Абдулмаҷид Ҳақназаров Маркази минтақавии перинатологӣ бо ҳама шароити замонавӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо дастгоҳҳои замонавӣ таъмин аст. Ҳуҷраҳои табибон ва утоқҳои беморон бо мизу курсиҳои замонавӣ, рахти хоб, роҳаткурсиҳо ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд, — гуфт муовини сардухтури беморхонаи вилоятӣ Ҳалима Гадоева.
Бино ба маълумоти номбурда, бо мақсади рушди соҳа ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо Бонки рушди Олмон дар марказ мошини ёрии таъҷилӣ, се таҷҳизоти ултрасадо, дастгоҳи рентгенӣ, чор дастгоҳи нафасдиҳии сунъии «Хемелтон» ва ду таҷҳизоти нав бо номи «Драйвер» таъмин аст.
Мавриди зикр аст, ки алҳол дар Маркази минтақавии перинатологии шаҳри Кӯлоб беҳтарин мутахассисони соҳаи тиб кору фаъолият мекунанд, ки беш аз 60 фоизашонро табибони ҷавон ташкил медиҳанд. Барои сайқал додани дониши табибони ҷавон ва омӯзишҳо дар беморхона шуъбаи омӯзиш ва азхудкунии малакаҳои касбӣ фаъолият мекунад, ки дар он беҳтарин духтурони соҳиби маълумоти олӣ нозукиҳои соҳаро ба ҷавонон меомӯзонанд.
Маркази минтақавии перинатологӣ аз сенздаҳ шуъба — кумаки сайёр, шуъбаи қабул, таваллудхона, ташхисӣ ва машваратӣ, касалиҳои занона, аворизи ҳомиладорӣ, бахши омӯзиш ва азхудкунии малакаҳои касбӣ, шуъбаи зоиш, эҳёи навзодон, шуъбаи модару кӯдак, эҳёи калонсолон ва шуъбаи санатикаи навзодон иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз шуданд. Табиист, ки ин ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Мутобиқи иттилои дастрасгардида, Маркази минтақавии перинатологии шаҳри Кӯлоб дар минтақа ягона буда, тавони табобат кардани беморони вазнинро низ дорад.
Бинои марказ аз 233 ҳуҷра иборат буда, дорои 106 кати хоб мебошад. Дар 11 моҳи соли 2022 ба марказ 8474 дармонҷӯ муроҷиат намуданд. Феълан Маркази перинатологӣ ба сокинони 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб, ки шумораи аҳолиашон 1 миллиону 166 ҳазору 322 нафар мебошад, хизмат мерасонад. Дар марказ 42 табиби дорои маълумоти олӣ, 200 корманди миёнаи тиб фаъолият намуда, айни замон таваллуди 6 ҳазору 701 кӯдак ба қайд гирифта шудааст.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»