Бозёфт

Хоҷа Мафраҷ. Кашфи маҷмааи нави бостонӣ-меъморӣ дар Ҳисор

№62 (4802) 17.05.2024

Чанде пеш дар осорхонаи шаҳри Ҳисор чорабинии илмӣ-амалӣ доир гардид, ки дар он вазъи ёдгориҳои шаҳри Ҳисор, таҳқиқ, омӯзиш ва ҳифзи онҳо мавзуи меҳвари ҷамъо­мад буд.

Нозири ҳифзи ёдгориҳо ва мероси таърихии шаҳри Ҳисор Ориф Дӯстов иброз дошт, ки дар замони соҳибис­тиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху фарҳанг ва ёдгориҳои таърихии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар натиҷа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем, ки дар таърихи давлатдорӣ назир надорад.

Зикр шуд, ки дар натиҷаи азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихӣ муайян гардид, ки дар шаҳри Ҳисор 88 объекти мероси таърихию фарҳангӣ мавҷуд мебошад. Аз ин шумора ёдгориҳои бостоншиносӣ (талу теппаҳо, ғорҳо, мазорҳо, бошишгоҳҳо) — 59, ёдгориҳои меъморӣ (қалъаҳо, масҷидҳо, мадрасаҳо) — 23 ва ёдгориҳои монументалӣ (ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, мусаввараҳо ва навиштаҷоти рӯи сангҳо, 6 ададро ташкил медиҳанд. Феҳрис­ти мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тасдиқ гардида, ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Айни ҳол ҳашт ёдгории кишвари мо ба Феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО дохил шудаанд, ки яке аз онҳо ­Қалъаи Ҳисор мебошад. Қалъаи Ҳисор ва маҷмааи ёдгориҳои таърихии он аз маъруфтарин биноҳои таърихии Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, таърихи беш аз 2500-сола дорад.

Дар асоси Маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор ва деворҳои боқимондаи шаҳри Ҳисор, ки ёдгориҳои атрофи шаҳри Ҳисорро низ дар бар мегиранд, «Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор» ташкил карда шудааст. Он 28-уми январи соли 1982 номи «Мамнӯъгоҳи таърихӣ — фарҳангии Ҳисор»-ро гирифта, аз 30-юми июли соли 2009 мақоми давлатӣ ва ҷумҳуриявиро касб кардааст. Мамнӯъгоҳ ёдгориҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, Мадрасаи Куҳна, Мадрасаи Нав, Мақбараи Куҳна, Дарвозаи Арк, Масҷиди Сангин, Мақбараи Махдуми Аъзам, Корвонсарои Хиштин, Мадрасаи Чашмаи Моҳиён, Таҳоратхона, Масҷиди Одина ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Ҳисорро дар бар мегирад.

Ориф Дӯстов, ҳамчунин, иброз дошт, ки шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор пажӯҳиш гузаронда, Маҷмааи бостонӣ- меъмории Хоҷа Мафраҷро ба қайд гирифтанд.

Он яке аз қалъаҳои минтақа ба шумор рафта, дар баландии тақрибан 3000 метр воқеъ мебошад. Ин ёдгории таърихӣ гуногунҷанба буда, аз тасвирҳои рӯисангӣ, меъморӣ, қалъа ва манора иборат аст. Дар ин мавзеъ, инчунин, қабрҳои давраи аввали ислом кашф шудааст.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»