Хоҷагиҳои деҳқонӣ соҳиби техникаву таҷҳизоти нав шуданд

№78-79 (4818-4819) 21.06.2024

FB_IMG_1717566831607Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагиҳои деҳқонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо техникаву таҷҳизоти нави кишоварзӣ таъмин шуданд.

Тавре аз бахши таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, барои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Рошт­қалъа, Ишкошим ва Шуғнон 19 мотоблок ва ду трактор бо таҷҳизоти зарурӣ тақдим гардида, дар ояндаи наздик чунин техникаю таҷҳизоти зарурӣ ба дигар хоҷагиҳои вилоят низ дастрас хоҳад шуд.

Дар маросими тақдими техникаву таҷҳизот раиси вилоят Мирзонабот Алишер таъкид кард, ки ин иқдом идомаи мантиқии таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба соҳаи кишоварзӣ аст ва техникаву таҷҳизот бояд дар ҳолати хуб нигоҳдорӣ шаванд.

Дар навбати худ деҳқонон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»