ХОИНИ ВАТАН

№79 (3380) 10.06.2015

Миллати тоҷик аз қадим бо далерию шуҷоатмандии фарзандони қаҳрамонаш, ки дар тӯли таърих бар зидди истилогарони аҷнабӣ мубориза бурда, Ватанро ҳифз намудаанд, мефахрад. Корнамоиҳои Шераку Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Восеъ ва дигар абармардони тоҷик то ҳанӯз фаромӯш нашуда, наслҳои имрӯзаи халқи мо аз онҳо ибрат мегиранд.  Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ низ ҳазорон фарзандони далери тоҷик дар роҳи ҳифзи Ватану миллат қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд.

Дар баробари он тӯли таърих хоинон ва ватанфурӯшоне низ буданд, ки бо амалҳои нангинашон аз дохил шикасти муборизаи миллати тоҷикро дар муқобили душманони ғосиб фароҳам меоварданд. Масалан, ҳангоме ки давлати Сомониён мавриди ҳуҷум қарор гирифт ва онҳо барои дастгирӣ ва пуштибонӣ ба рӯҳониён муроҷиат намуданд, ин қишри ба истилоҳ «корсозу найрангофарин» Сомониёнро ҷонибдорӣ накард. Далели онҳо ин буд, ки душмани Сомониён низ мусулмон аст ва дигар масъалаҳое, ки марбути шикасти давлат, миллат, ватан ва фарҳанганд, аслан ҳеҷ аҳамияте надоранд.

Мутаассифона, дар рӯзгори мо низ хоинон ва ватанфурӯшоне вуҷуд доранд, ки довталабона муқаддасоту арзишҳои миллиро зери по мегузоранд ва омодаанд ба сафи душманон пайваста, ба муқобили Ватан, миллат, оила ва хешу табори худ мубориза баранд. Мисоли гӯёи ин амали нангин Гулмурод Ҳалимов, собиқ сардори воҳиди таъиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (ОМОН) мебошад, ки бо мақсади мубориза бурдан ба муқобили Ватан ва арзишҳои миллии тоҷикӣ аз Тоҷикистон ба Сурия фирор намуда, ба гурӯҳи террористии ДИИШ, ки бо қатли оммавии занону кӯдакон ва ҳазорон мардуми бегуноҳ дар ҷаҳон даҳшатафканӣ мекунад, ҳамроҳ гардидааст. Дар он мулки бегона ӯ ба муқобили кӣ меҷангад ва киро ҳадафи тири снайпери худ қарор медиҳад? Албатта, ин амал барои як террорист аҳамияте надорад. Аммо аз тарафи як нафаре, ки солҳо дар мақомоти қудратӣ кор кардааст, соҳиби мартаба, боварӣ  ва эътимоди роҳбарон гардидааст, сар задани чунин амал басо хоинона ва хабисона аст.

Он далеле, ки Гулмурод Ҳалимов барои ба сафи ДИИШ пайвастанаш асос меоварад, аз як рӯсиёҳие беш набуда, барои як афсар ва корманди мақомоти қудратӣ ниҳоят нанговар мебошад. Масалан, ӯ мегӯяд, ки танҳо ба хотири тарошидани риш ва манъ кардани сатр ба ин амал даст задааст.

Албатта, вақтҳои охир авҷ гирифтани таассуби динӣ ва тарғиботи густурдаи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ тавассути воситаҳои ахбори манфиатҳои зиддимиллидошта Ҳукумати Тоҷикистонро водор кард, ки як қатор чораҳои маҳдудро барои ифротӣ нагардидани бовариҳои динии мардум андешад. Аммо дар баробари он озодиҳое, ки давлат барои диндорон додааст, масалан, сохтани масҷидҳои зиёд, озодии намозу рӯза, ҷашн гирифтани идҳои динӣ, сафар кардан ба ҳаҷ инҳо ҳеҷ арзише надоранд. Аз ин рӯ, Гулмурод Ҳалимов дар баробари ватанфурӯшу хоин будан бо кирдори содиркардааш бесаводӣ, ҷоҳилӣ ва ноогоҳии худро низ баръало нишон додааст. Мусаллам аст, ки омили маъмулии пайвастан ба созмону ҳаракатҳои динӣ — ифротӣ сатҳи поини огоҳиҳо ва маърифати дунявӣ мебошад, ки мутаассифона, солҳои охир дар тафаккур ва зеҳни иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла фарҳангиён ва баъзе кормандони мақомоти қудратӣ реша давонда, барои онҳо роҳи бунбастиро дар мисоли пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ манзур сохтааст.

Дар натиҷаи таҳлили сабабҳои ба сафи ДИИШ пайвастани Гулмурод Ҳалимов маълум гардидааст, ки ӯ солҳои тӯлонӣ зери таъсири ҳамдеҳааш Қурбонов Таваккал, маъруф бо тахаллуси Мулло Таваккал монда, ба як шахси мутаассибу тангназар табдил ёфтааст. Мулло Таваккал аввали солҳои 90-уми асри гузашта аъзои яке аз гурӯҳҳои ифротии мухолиф буда, соли 1992 ба Покистон  фирор карда, то соли 1997 он ҷо паноҳ бурдааст. Номбурда ҳоло низ дорои ақидаҳои мутаассибонаи мазҳабӣ буда, узви фаъоли ҲНИТ мебошад. Маҳз бо таъсири Мулло Таваккал дар мафкураи Гулмурод Ҳалимов, ки аз хурдӣ дар мактаб хуб намехонду дар хонаводаи на чандон солим тарбия меёфт, ақидаҳои ифротии динии зиддимиллӣ пайдо шуда, тадриҷан устувор гардидаанд.

Аз лиҳози равонӣ шахсоне мисли Гулмурод Ҳалимов беҳувият ва бешахсият мебошанд. Албатта, мубориза барои дини ноб, хилофати исломӣ ва мисли инҳо танҳо ба хотири пинҳон нигоҳ доштани ҳувияти бебунёд ва азбайнрафтаи онҳо мебошад.

Бадбахтона, дар кишвари мо ҳастанд рӯҳониёне, ки аз доираи исломи анъанавӣ берун шуда, дар зеҳнияти ҷавонони ноогоҳ ақида ва бинишҳоеро ҷо мекунанд, ки онҳо хилофи манфиатҳои миллӣ ва дунявии ҷомеа мебошанд. Яке аз далелҳои дигари тоифаи мазкур ин аст, ки ислом миллатро намешиносад ва муқобили арзишҳои миллӣ мебошад. Аз таърихи ҳазорсолаи охири миллати тоҷик мо медонем, ки маҳз ҳамин андешаи ботил сабаби шикастҳо ва мусибатҳои мудҳиши мардуми мо  гардидааст. Душманони мо бошанд, зиракона исломро ҳамчун миллати ягона нишон дода, арзишҳои арабию туркии худро бар дӯши миллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон, таҳмил кардаанд. Он рӯҳониёне, ки мехоҳанд исломро сиёсӣ гардонанд, аз мусибатҳои таърихӣ дарсе намегиранд ва баръакс, Гулмурод Ҳалимов барин шахсони ноогоҳу камхирадро ба манқурти маънавӣ табдил медиҳанд. Манқуртизми дар қолаби бунёдгароӣ, ифротгаройӣ ва тундгароии динӣ — мазҳабӣ аз миёнаи солҳои ҳаштодуми садаи бист дар рагу пайванди ҷомеаҳои суннатӣ ва ақибмонда ҷараёнгирифта имрӯз дар шакли зуҳуроти глобалии манотиқи гуногуни сайёра, минҷумла қаламрави мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ густариш ёфтааст. Манқуртизми динӣ дар симои аксари кулли ба истилоҳ, муҷоҳидини исломӣ, ки дар фаъолиятҳои террористии  ДИИШ ширкат варзида, худро қаҳрамони набардҳои муқаддас медонанд, ҳувайдост.

Боиси таассуфу нигаронист, ки дар сохторҳои давлатии кишвар баъзе шахсони тасодуфӣ, фурсатҷӯ, бетараф, муғриз мавҷуданд, ки ақидаҳои шахсӣ ва шахсияти воқеии худро ҷасурона ошкор намекунанд ва баръакс, дар ибтидо дар чодари миллатпараст, хайрхоҳ, ватандор, фарҳангдӯст ва ғамгусори мардум пинҳон шуда, афкори муғризонаи худро бо роҳу василаҳои дастрас пиёда месозанд. Ба ибораи дигар, дар пардаи солусу дурӯягӣ суруд мехонанд. Дар ин росто, хиёнати Гулмурод Ҳалимов дарси бузургест барои ҳамаи онҳое, ки манфиат ва арзишҳои миллӣ барояшон муқаддас аст. Бояд ин гуна шахсон ошкоро мавқеи худро муайян созанд, зеро дар сурати маълум набудан ё пинҳон доштани ақидаи ҳақиқии худ онҳо метавонанд дар ҳар фурсати муносиб ба миллат ва давлат хиёнат кунанд.

Хиёнат ба Ватан — хиёнат ба миллат, арзишҳои миллӣ, давлат ва умуман, инсонӣ мебошад. Гулмурод Ҳалимов ва ӯ барин хиёнаткоронро таърихи тамаддуни миллӣ ва инсонӣ зиёд дидааст ва онҳо дар пешгоҳи таърихи навин ҷавоб хоҳанд гуфт. Амали ӯ бори дигар собит сохт, ки хоин ва террористу ифротгаро Ватан, миллат, давлат ва дар маҷмӯъ, инсоният надорад, ҳамеша дар банди дигарон аст, ғулому бардаи ақида, афкор, суннат ва оини бегонагон мебошад. Ин аст, ки тафаккури ин гуна инсонҳо тафаккури мусаллатшуда, бунбастӣ ва орӣ аз ҳувияти миллӣ, инсонӣ ва отифӣ буда, танҳо дар доираи маҳдуди хурофоту таассуби динӣ ҷавлон мезанад ва миёни арзишҳои планетарӣ (умумисайёравӣ — башарӣ) заррае арзиш надорад.

Аз паёми чанд рӯз пештар дар шабакаи интернет паҳнгардидаи Гулмурод Ҳалимов маълум мешавад, ки барои пайвастан ба ин гурӯҳи террористии ДИИШ ӯро маҳз андешаю ақидаи ифротии динӣ ва тангназарию ҷаҳолаташ раҳнамун шудааст.

Ҳамчунин дар ин қазия омилҳои дигар низ мавҷуданд, ки онҳоро низ бояд мадди назар дошт. Ин, пеш аз ҳама, пасттар будани сатҳи ватандӯстию ҷаҳонбинӣ, донишҳои амиқу дунявии баъзе кормандони мақомоти давлатӣ аст. Ба ин хотир, дар замони муосир, ки замони мустаҳкамсозии давлати дунявии миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллии мо мебошад, аҳли зиё ва кормандони идориро зарур аст зимни интихоби кадр меҳанпарастӣ, миллатдӯстӣ, донишу ҷаҳонбинии ашхоси ба мансаб сазоворро ба инобат гиранд.

Дар навор дида мешавад, ки Гулмурод Ҳалимов бо либоси сиёҳ ва силоҳи оташфишони худ таҳдидомез сухан меронад. Ин гуна тарсдиҳиҳо маъмулан дар ҳама наворҳои видеоие, ки гурӯҳҳои ифротгаро паҳн мекунанд, дида мешавад. Бо силоҳ аз номи дин баромад кардан ҳам хислати гурӯҳҳои террористӣ аст. Вале таҳдидҳои ӯ бештар аз як ҳарзае нест, зеро мо итминон дорем, ки мардуми солимфикри Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бар зидди терроризму ифротгаройӣ мубориза мебаранд ва чунин гумроҳон ба мақсади ғаразнокашон нахоҳанд расид. Тавре шоир фармудааст:

Ҳар кӣ бар душмании халқ  равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Гулмурод Ҳалимов бо содир кардани ин амали нангину ғайриинсонӣ худро аз зиндагии шоиста, Ватану миллат, аз дидори ҳашт фарзанд, ҳамсар, падару модар ва дигар наздиконаш маҳрум сохтааст. Ӯ Ватани зебою ободи худро ба  биёбонҳои даҳшатзадаю маргбори араб иваз кардааст. Ба ҷойи хизмати пурифтихори Ватан – Модар хизмати ғуломонаи террористони қотилро ихтиёр кардааст. Бешубҳа, роҳи интихобнамудаи ӯ роҳи ғуломию ваҳшоният ва ноумедию торикӣ аст.

Ҳоло Гулмурод Ҳалимов дар сафи гурӯҳи ДИИШ фаъолият карда, дасти худро олудаи хуни шахсони бегуноҳ мекунад ва барои амалҳои даҳшатангезу ғайриинсониаш шояд аз ҷониби хоҷагонаш — саркардагони созмони террористии мазкур сарфароз ҳам гардад. Аммо барои мардуми Тоҷикистон ва умуман барои ҳар як фарди солимфикр Гулмурод Ҳалимов танҳо як террористе мебошад, ки барояш ягон муқаддасот вуҷуд надорад ва аз дасташ ягон амали дигаре ба ҷуз хиёнат намеояд. Ӯ хоин аст, хоини Ватан.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон