Супоришҳои Президент дар амал

Хонандагон бо либосҳои истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд

№91 (3392) 06.07.2015

Тавре хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ ба масъулин дастуру супоришҳо медиҳад. Яке аз чунин дастурҳои Роҳбари давлат таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси  истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ мебошад. Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз рафти иҷрои ин дастур ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем.

Муовини сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи вазорати зикршуда Мавлуда Киромова иттилоъ дод, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намоишгоҳи либосҳои ягонаи мактабӣ ва семинар — машварати ҷумҳуриявӣ таҳти у0нвони «Интихоби ман — маҳсулоти ватанӣ» баргузор гардид.

Бино ба гуфти мавсуф, дар намоишгоҳи либосҳои ягонаи мактабӣ ва семинар — машварати мазкур зиёда аз 30 корхонаю  коргоҳҳои дӯзандагӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа», ҶДММ «Меҳровар», ҶДММ «Маркази ҳунаромӯзӣ» , ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ»- и шаҳри Қӯрғонтеппа, ҶС «Бофанда»- и шаҳри Норак, ҶДММ «Султони Кабир»-и ноҳияи Восеъ, ҶДММ «Самои К», Корхонаи «Ёқути Фархор»-и ноҳияи Фархор, Корхонаи дӯзандагии ҶС«Зиннат», ҶСШК «Текстил Сити», ҶДММ «20 — солагии Истиқлолият», ҶДММ «Саодат», ҶДММ «Наргис» ва ҶДММ «Беназир»-и шаҳри Хуҷанд, Коргоҳи дӯзандагии Муассисаи давлатии «Мактаби президентӣ»-и шаҳри Чкалов, ҶДММ «Элегант»-и шаҳри Чкалов, ҶДММ «Муҳайё»-и ноҳияи Спитамен,  ҶДММ «Пайванд»  ва ғайра иштирок намуданд.

-Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода,  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва меҳмонони даъватшуда аз кумитаю идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз намоишгоҳ дидан намуданд, — изҳор дошт М. Киромова.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода дар мавзӯи «Имкониятҳои мавҷудаи саноати дӯзандагии ҷумҳурӣ бобати дӯхти либоси мактабӣ», вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар мавзӯи «Фарҳанги пӯшидани либоси ягонаи мактабии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» маърӯза намуданд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, директори генералии ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии Тоҷик» Х. Ҷонмаҳмадов, муовини директори ҶСШК «Ресандаи Қӯрғонтеппа»  Ф. Ҳабибуллоев, директори Муассисаи давлатии «Мактаби президентӣ»-и шаҳри Чкалов М. Муинова ва муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон низ оид ба масъалаи мавриди назар андешаронӣ намуданд.

Дар хотима, корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадор карда шуданд, ки шартномаҳои ҳамкориро ҷиҳати дӯхти либоси мактабӣ ва таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба имзо расонанд.

Ёдовар мешавем, ки чунин намоиш — фурӯши либосҳои мактабӣ ва семинар – машварати ҷумҳуриявӣ зери шиори «Интихоби ман – маҳсулоти ватанӣ» 27 майи соли 2015 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон низ ташкил шуда буд. Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои соҳаи маориф, шӯроҳои падару модарон ва 28 корхонаҳои дӯзандагии кишвар фаъолона иштирок намуданд.

Ш. АТОБУЛЛО, «Садои мардум»