-Мутаассифона, ҳоло ҳам дар кишвар ҳодисаҳои пулситонии табибон аз беморон вуҷуд дорад. Ин мушкилотро дар танҳоӣ ҳал кардан ғайриимкон аст, аз ин рӯ мардум бояд тибқи муқаррароти ба хазина пул супорида, ба ягон каси дигар маблағ надиҳанд,-изҳор дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло. Айни ҳол дар кишвар 680 муассисаҳои тиббии хусусӣ амал мекунад, ки барои мардум имкони интихоб карданро фароҳам овардааст. Бино ба гуфти вазир, давоми шаш моҳи соли 2016 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» дар маҷмӯъ 473 амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳо, 576 амалиёти ангиография ва 181 амалиёти стентгузорӣ, инчунин дар 67 бемор амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ анҷом дода шуд. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» дар маҷмӯъ ба зиёда аз 200 нафар бемор амалиётҳои пайвандсозии гурда ва ба 15 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ бошад, ин рақам мутаносиба 41 ва 2 нафарро ташкил медиҳад. Зикр шуд, ки шароити муосид ва дастрас будани нархҳо нисбат ба дигар давлатҳо имкон фароҳам овардааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ низ барои табобат ба Тоҷикистон оянд. То ҳол амалиёти пайвандсозии гурдаи 16 нафар шаҳрванди Қирғизистон, се шаҳрванди Озорбойҷон, чор шаҳрванди Туркманистон ва як шаҳрванди Россия амалӣ шуд. Вазир ҳамчунин гуфт, ки дастоварди муҳим бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ» мебошад. Фаъолияти ин марказ баҳри ташаккули оилаи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюб ва бемориҳои ирсӣ-авлодӣ, мусоидат менамояд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»