Хоруғ. Бунёди иншооти ҷашнӣ вусъат дорад

№128 (4868) 28.10.2024

ИНШООТ МАШХУР 210824 (2)Давоми се соли охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, шарикони рушд ва соҳибкорони ватандӯст дар шаҳри Хоруғ як қатор иншооти муҳими иқтисодӣ-иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, соли 2022-юм 40 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ бунёд гардида, то охири соли 2024-ум 128 иншооти гуногуни дигар мавриди истифода қарор мегиранд.

Тавре аз бахши рушди иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, феълан дар шаҳри Хоруғ сохтмони зиёда аз 50 иншооти дигар бомаром идома  дорад.

Соли гузашта дар хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур нахустин бинои истиқоматии 12-ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, айни замон сохтмони бинои 14-ошёна, бинои маъмурии 7-ошёнаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 4 ва 6, бинои истиқоматии 9-ошёна, бинои таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев барои 900 донишҷӯ бо харҷи 64 млн. 946 ҳазор сомонӣ идома доранд.

Мавриди зикр аст, ки теъдоди зиёди иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла хонаи 48-ҳуҷрадор, дар ояндаи наздик дар маркази вилоят ба истифода дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати мамлакат тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 5,3 миллиард сомонӣ равона намуда, 1465 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ бунёду навсозӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ 143 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардид, ки симои маркази вилоятро тамоман дигар кардаанд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»