28-уми августи соли 2024 бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи футболи маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ бо ташаббуси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят мусобиқаи вилоятии футбол байни кӯдакону наврасони то 14-сола оғоз гардид. Дар мусобиқа чор даста аз шаҳри Хоруғ, ду даста аз ноҳияи Шуғнон ва яктимӣ аз ноҳияҳои Роштқалъаю Ишкошим иштирок доранд.
Дар рӯзи аввал дастаҳои «Шуғнон-1» ва мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳр ба ин сабқат бо омодагии ҷиддӣ ҳозир шуда, даври аввал бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи дастаи «Шуғнон-1» ба анҷом расид. Дар ин рӯз дастаи «Дашти боло» низ бар дастаи мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳр пирӯз шуд. Дар бозӣ бо дастаи «Ишкошим» дастаи Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳр ғолиб омад.
Сармураббии дастаи кӯдакону наврасони вилоят Анвар Мамадзиёев гуфт, ки «футбол бозии дастҷамъона аст ва он дар ниҳоди ҳар кӯдаку наврас, қабл аз ҳама, ҳисси дӯстӣ, рафоқат ва кумаку ҳамкориро тарбия мекунад».
Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқаи мазкур то 1-уми сентябри соли равон идома ёфта, дастаҳои ғолиб бо медалу ифтихорномаҳои раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят қадрдонӣ мешаванд.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»