ХОРУҒ. СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ РУШД ДОРАД

№ 07.10.2024

Соз машхур Хоруг 1Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар маркази маъмурии вилоят 249 иншооти гуногун бунёд мегардад. Бар замми ин, дар асоси нақшаи генералии шаҳр дар давоми панҷ соли оянда дар маркази маъмурии вилоят сохтмони 20 иншооти баландошёна дар назар дошта шудааст.

Ҳоло азимтарин иншооти сохташавандаи ВМКБ бунёди қитъаи 93-километраи шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ-Кулма» аз Дарвоз то Рӯшон, НБО «Себзор»-и ноҳияи Роштқалъа, неругоҳҳои офтобию бодӣ дар ноҳияи Мурғоб, қитъаи 4-километраи шоҳроҳи байналмилалӣ, долонҳои зидди тарма ва кӯпруки мошингузар дар мавзеи Барсем, купруки калон бо иқтидори борбардории зиёда аз сад тонна ва дарозии 200 метр дар шаҳри Хоруғ мебошанд. Маблағи умумии ин иншоот 3 миллиарду 616 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар ду соли охир дар худи шаҳри Хоруғ 195 иншоот, аз ҷумла корхонаҳои калони саноатӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Соз машхур Хоруг 2Дар Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-Инвест-2024» байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳибкорону инвесторон 25 созишнома бо маблағи 132 млн. сомонӣ дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба имзо расиданд.

Барои ободу зебо гардондани маркази маъмурии вилоят ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ чанде пеш дар шафати бозори марказии шаҳр 8 мағозаи муосир ифтитоҳ гардид. Инчунин, дар маҳаллаи Шарифободи шаҳр системаи нави канализатсионӣ ба кор дароварда шуд, ки аз ин мушкилӣ солҳои дароз сокинони маҳалла азият мекашиданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»