Хоруғ. Теъдоди нуқтаҳои нерудиҳӣ меафзояд

№ 04.12.2024

НАСБ МАШХУРДар доираи амалисозии Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037” дар маҳаллаҳои марказии шаҳри Хоруғ се нуқтаи нерудиҳии электромобил мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

-Бо мақсади татбиқи стратегияи мазкур ва дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии нақлиёти барқӣ дар маркази маъмурии вилоят,  инчунин, муомилаи хуб доштани ронандагон бо мусофирон дар ояндаи наздик тадбирҳои дигари судманду самарабахш андешида мешаванд. Аз ин рӯ, ҳамаи масъулинро мебояд, то дар амалисозии ин ташаббуси муҳим талошу кӯшишҳои бештарро ба харҷ диҳанд, -изҳор дошт раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода.

Қобили зикр аст, ки арзиши як нуқтаи нерудиҳии электромобил беш аз 190 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ояндаи начандон дур теъдоди ин нуқтаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёд карда мешавад.

М. ИМОМНАЗАР,

 »Садои мардум»