Кенҷа Холиқов ва ҳамсараш момаи Фазила то охири ҳаёташон солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ёд оварда, аз қаҳрамонии бародараш Бароталӣ ба писарону наберагонаш нақлҳо мекарданд. Ҳоло бошад, фарзандони Кенҷа Ҳасан ва ҳоҷӣ Анвар, суханони падарашонро ба ёд оварда, ба ҷавонони деҳаи Боғиҳабиби деҳоти «Балхобӣ» аз корнамоии амакаш Бароталӣ Холиқов қиссаҳо менамоянд.
Замоне ки Бароталӣ Холиқов ба 18- солагӣ қадам гузошта буд, ҷанги хонумонсӯз давом дошт. Барои ҳимояи Ватан ҳар рӯз ҷавононро ба ҷанг даъват мекарданд. Бароталӣ аз он ҷавонмардоне буд, ки бо як рӯҳияи ватандӯстона барои ҳимояи Ватан ба комиссариати ҳарбӣ ихтиёрӣ рафт. Моҳи декабри соли 1942 ба фронт равонаш карданд. Нахустин бор дар муҳорибаҳои шаҳри Зеленогради Украина иштирок намуда, матонати хуб нишон дод ва соҳиби ифтихорнома гардид. Мактуби охирини аз ҷанг навиштаи Бароталӣ ба бародараш Кенҷа 3 марти соли 1943 буд. Вай дар мактубаш чунин суханҳоро сабт намуда буд: «Мо ҳамроҳи бародарони рус, тотор, қазоқ ва дигар миллатҳо дар муҳорибаҳои ҷангии шаҳрҳои Ростов, Сталинград иштирок карда, хоки ин сарзаминро аз душман озод кардем».
Бароталӣ то моҳи марти соли 1943 дар майдони ҷанг бар зидди душман мардонавор ҷангид. Дар вақти тайёрӣ ба муҳорибаи навбатӣ ба қисми ҳарбие, ки ӯ хизмат мекард, нохост душман ҳамла овард ва Бароталӣ аз тири фашистон захмӣ шуда, ҳалок гардид.
4 марти соли 1943 аз фронт ба номи шаҳрванди деҳаи Боғиҳабиби деҳоти «Балхобӣ» Кенҷа Холиқов хати сиёҳ омад. Нусхаи хати сиёҳи Бароталиро амаки Кенҷа то охири ҳаёташ нигоҳ медошт. Рӯзҳои аввали шунидани ин хабари шум ҳама ҳамсояҳо, ёру дӯстон ба аёдати Бароталӣ ба хонаи Кенҷа омада, ҳамдардӣ баён мекарданд.
Он солҳо низ ба ҷавонмардоне, ки дар муҳорибаҳои ҷангӣ қаҳрамонӣ нишон дода ва ҳалок мегардиданд, аз тарафи ҳукумат имтиёзҳо дода мешуд. Деҳаи Боғиҳабиб ба собиқ колхози Шаталови ноҳияи Кӯлоб тааллуқ дошт. Бо дастгирии колхози Шаталов ба бародари ҷанговар Кенҷа Холиқов хонаи истиқоматӣ сохта доданд.
Ҳоҷӣ Анвар ба фарзандонаш ва ҷавонони деҳа бо як ҳисси баланд аз корнамоии амакаш Бароталӣ нақл намуда, ҷавононро барои расидан ба қадри оромиву ободии имрӯза даъват мекунад.
Рустам АМИРОВ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, ноҳияи Муъминобод