Ховалинг: 4 муассисаи нави замонавӣ

№ 24.04.2024

20220914_124041Дар доираи омодагиҳо аз Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва соҳибкорону мардони саховатпешаи ноҳия сохтмони 4 муассисаи нави таълимӣ ва дар назди 10 муассиса бунёди синфхонаҳои иловагӣ бо фарогирии беш аз 2000 ҷойи нишаст оғоз гардидааст.

Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Тағаймурод Холов иттилоъ дод, бунёди муассисаи таълимии типи нав дар деҳаи Дороби Гулзор ва Ҷонбахт ба 240 ҷойи нишастӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар нақша буда, айни замон ҳуҷҷатгузории сохтмони муассиса пурра ба анҷом расида, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд.

Бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Азизулло Ҳасанов дар деҳаи Чуқурак ва дараи Мухтор сохтмони синфхонаи иловагӣ бо 200 — 250 ҷойи нишаст сохта мешавад.

Инчунин, дар назди 7 муассисаи таълимии ноҳия аз ҳисоби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон дар деҳаи Хонақои ноҳия бо маблағгузории вилоятӣ сохтмони мактаб бо 240 ҷойи нишаст идома дорад.

Тибқи маълумоти расмӣ ҳоло дар ноҳияи Ховалинг 53 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 12 ҳазору 802 хонанда фаъолият намуда, дар онҳо 884 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»