Соли 2024 дар ноҳияи Ховалинг нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 127 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 63 миллиону 66 ҳазор сомонӣ ворид шуд.
Сардори нозироти андози ноҳия Фаррух Мирзоев изҳор дошт, ки ба буҷети давлатӣ 63 млн. 66 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 13 миллиону 406 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2024 нақшаи ҳама намуди андозҳо дар ноҳия аз ҳисоби пайдоиши манбаъҳои нави андозбандӣ, кам кардани бақияпулиҳои қарзи андози аз солҳои пешин монда, муассисаҳои нав ва зиёд шудани теъдоди соҳибкорон пурраю барзиёд иҷро гардиданд. Аз ҷумла, нақшаи андоз аз молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг 129,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 3 миллиону 824 ҳазор сомонӣ ворид шуд.
Номбурда иттилоъ дод, ки бақияпулиҳои қарзи андоз дар ноҳия беш аз ҳашт миллион сомониро ташкил медод. Ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии зиёдшавии он аз тарафи кормандони андози ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Аз ҷумла, нисбати КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия, ки тӯли даҳ сол дар назди буҷет қарздор буд, чораҳои таъсирбахш андешида шуда, 200 ҳазор сомонӣ қарзи он пурра ба буҷет ворид гардид. Инчунин, аз ҳисоби идораи обу корези ноҳия низ маблағи 200 ҳазор сомонӣ қарзи андоз ба буҷети давлатӣ пардохт шуд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»