Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ховалинг аз ҷониби Бонки исломии рушд сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Раҳматулло Рабиев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, иттилоъ дод, ки бинои асосӣ сеошёна буда, барои 100 кат пешбинӣ шудааст. Дар он барои баромадан ба ошёнаҳои дуюму сеюм лифт низ насб гардидааст.
Фармоишгари иншоот Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои эъмори он 3,5 миллион доллари ИМА харҷ гардид. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар он 120 сокини маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.
- Миннатдории худ ва кормандони беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем, ки бо дастгириашон барои мо — табибон чунин бинои замонавиро сохтанд, — гуфт сардухтури беморхона Р. Рабиев.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»