Ховалинг. Корхонаи манзилию коммуналӣ ба дастгирӣ ниёз дорад

№91 (4353) 10.07.2021

davБинои куҳнаю фарсуда, нарасидани техникаҳои партовкашӣ аз мушкилотест, ки солҳо боз кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Ховалинг»-ро ба ташвиш овардааст.

Бино ба иттилои директори корхона Ёраҳмад Шарипов, он соли 1970 сохта шуда, таъмирталаб гардида, ҳоли табоҳ дорад.

- Аз хизматрасонии корхона 4500 муштарӣ, 25 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва 168 соҳибкори бозори маркази ноҳия истифода мебарад. Корхона худхизматрасон аст. Ҳоло дар он 20 корманд фаъолият мекунад, ки 6 нафарашон роҳрӯб буда, аз ҳисоби ҳукумати маҳаллӣ маош мегиранд. Боқӣ, маоши кормандон аз ҳисоби хизмат­расонии корхона мебошад. Феълан дар тавозуни корхона як адад трактори хурд аст, ки барои кашонидани партов басандагӣ намекунад. Мушкили асосӣ набудани техника дар корхона аст, — гуфт Ёраҳмад Шарипов.

Ҳангоми боздид маълум гардид, ки бинои корхона, дар ҳақиқат, фарсудаю корношоям буда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Кормандони корхона ҳар моҳ ба КВД фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 2700 сомонӣ маблағ месупоранд. Савол ба КВД фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» -и ҷумҳурӣ ҳамин аст, ки агар қудрати хариди техникаро надоред, пас он маблағ ба чӣ хотир аст?

Умед бар он мебандем, ки роҳбарияти КВД фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и назди Ҳукумати ҷумҳурӣ якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг барои хариди техникаи корӣ ва таъмири бинои муассиса кумак мерасонанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»