Вилояти Хатлон дорои захираҳои ғании сайёҳӣ буда, яке аз гӯшаҳои зебоманзараш ноҳияи Ховалинг мебошад.
Аз далелҳои таърихӣ бармеояд, ки аз қадим ин минтақа диққати сайёҳону донишмандонро ба худ ҷалб намудааст. Он дар гузашта бо номи шаҳр ва музофоти Мунк машҳур буда, перомунаш дар китобҳои зиёд маълумот дода шудааст. Аз ҷумла, дар асарҳои замони давлатдории Сомониён ба табъ расида, ба монанди «Китоб — ул — мамолик — вал — масолик» — и ибни Ҳурдодбеҳ (соли 885), «Китоб — ул — масолик — вал — мамолик» — и сайёҳу ҷуғрофияшиноси асри Х Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад — ал — Форсӣ — ал- Истахрӣ (солҳои 930- 933), «Ал — бадъ — ва — т — таърих»- и таърихшиноси асри X Мутаҳҳар ибни Тоҳири Мақдисӣ (соли 966), «Қонуни Масъудӣ» — и Абурайҳони Берунӣ (соли 1037), «Ҳудуд-ул-олам» (соли 983) ва дигар сарчашмаҳо дар бораи Мунк ва боигарии он маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.
Абӯисҳоқи Истархӣ нигоштааст: «… Ва аммо шаҳрҳои Хутал- Инкандара дар миёни кӯҳҳо ниҳода аст ва ҳамчунин шаҳри Мунк ва шаҳри Ҳулбук ва Хутал дар миёни рӯди Вахшоб ва рӯди Бадахшон аст. Ва дар ин кӯҳ рӯдҳои бисёр аст. Ба наздики (шаҳри) Тирмиз ин обҳо ҷумла шавад ва дар Ҷайҳун уфтад. Ва Мунк аз Ҳулбук бузургтар аст. Ва хонаҳои ин ҳар ду ҷойгаҳ аз гил аст ва девори Мунк гаҷу санг аст.
Бадахшон (шаҳр) кучактар аз Мунк бувад ва навоҳии ободон дорад…».
Ба андешаи муаллифи китоби «Ҳудуд-ул-олам»: «…Барсориғ, Мунк ва Тамлиёт (Тамлиат — А.С.М) шаҳракҳоеанд хурд ва бисёрнеъмат ва ободон ва мардумаш ҷангӣ. …Ва он, ки андар ҳудуди Хатлонанд, миёни Тамлиёт ва Мунк бошанд миёни кӯҳ ва дашт нишаста, бо обҳои равон ва ҷои хуш. Ва ҳар гурӯҳе андар фармони амирони ноҳияи хешанд…».
Сайёҳон В. Г. Липский, Д. Логофет, П. А. Арандаренко, А. Борж, Г. Юл ва дигарон дар сафарномаҳояшон аз Ховалинг ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии он ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, набототшиноси рус В. Г. Липский, ки солҳои 1896-1899 роҳбарии экспедитсияи илмӣ — тадқиқотиро бар дӯш дошт, аз натиҷаҳои он соли 1902 китоби «Кӯҳистони Бухоро»- ро дар 3 ҷилд ба табъ расонд. Ӯ дар робита ба Ховалинг таассуроти худро чунин ба қалам додааст: «Манзараи маҳал барои кӯҳсор тамоман ғайриодист, махсусан, аз соҳили рост теппаҳо тадриҷан паст шудан мегирад ва тасаввур мекунӣ, ки дар кӯҳистон, дар сарзамини Бесарабия ё Подоля қадам зада истодаӣ. Воҳаи дарё торафт васеъ шуда, ба якчанд вёрст мерасад. (Вёрст ченаки дарозӣ буда, ба 1,06 км баробар аст). Маҷрои дарё низ хеле фарох аст, агарчӣ худи дарё ба ин андоза мерасад, бузург нест.
Шомгоҳ соати ҳашт ба Ховалинг расидем… Баландии Ховалинг аз сатҳи баҳр 4902 фут аст…».
Сайёҳи рус Д. Н. Логофет ҳангоми сафар ба Ховалинг аз роҳбалад мепурсад:
-Ховалинг қишлоқ аст?
-Не, Ховалинг шаҳр аст, пештар бисёр калон буду ҳокимнишин. Он ҷо тоҷирон зиёданд, — ҷавоб мегардонад роҳбалад.
Номбурда дар хонаи амлокдор меҳмон мешавад ва таассуроташро оид ба бойигариҳои табиию ҳаёти аҳолии ин диёри биҳиштосо дар китобаш нашр менамояд.
Дар замони салтанати сулолаи манғитияи Бухоро низ ин воҳаи зеботабиату фарҳангзой маълуму машҳур буд. Замони ҳукмронии Амир Абдулаҳадро мисол меорем. Дар ин давра яке аз симоҳои барҷастаи Бухоро Гулшании Бухороӣ (1861-1910) ба сафар баромада, бахшида ба 25 — солагии ҳукуматдории амир Абдулаҳад соли 1909 бо номи «Таърихи ҳумоюн» асари калонҳаҷмро ба табъ расонид, ки дар он бобе ба Ховалинг рабт дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз нимаи дуюми асри XIX то даврони шӯравӣ қозикалонҳои Бухорои Шариф зодагони деҳаи Хоҷахалили Ховалинг — ибни Байзо, қозӣ Мулло Мир Садриддин ва Бадриддин буданд.
Дар сафарномаҳояшон ашхоси фарҳехта Ховалингро Швейтсарияи дуюм арзёбӣ кардаанд.
Аз лиҳози релефи ҷойгиршавӣ Ховалинг табиатан маркази сайёҳии минтақаи Кӯлоб маҳсуб мешавад. Масалан, агар ба маконҳои асосии тамошобоби минтақаи Сари Хосори ноҳияи Муъминобод аз тариқи роҳи Сурхоб дар фаслҳои баҳору тирамоҳ рафтан мушкил бошад, ба воситаи ноҳияи Ховалинг осонтар аст. Бахусус ба Шаршараи Пушти Боғи ин гӯшаи зеботабиат сайёҳон бештар аз тариқи ноҳияи зикршуда мераванд.
Дар маҷмӯъ, ин минтақаи таваҷҷуҳбарангези Осиёи Марказӣ бо таърихи беш аз миллионсолаву ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангӣ, табиати биҳиштосо ояндаи нек дорад. Танҳо масъулинро зарур аст аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Амир Сайиди МУНКӢ, директори Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии ноҳияи Ховалинг