Дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов дар маҳаллаи Сохтмончиёни деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг бо назардошти талаботи муосир ду майдончаи варзишии болопӯшида сохта ба истифода дод.
Гуфта шуд, ки сохтмони майдончаи варзиш дар арафаи Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба наврасону ҷавонони ноҳияи Ховалинг туҳфаи арзишманд ба ҳисоб меравад.
Майдончаи варзишии болопӯшида дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Ховалинг бо маблағи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 861 метри мураббаъ сохта шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»