Чанде пеш дар шоҳроҳи «Ғафуров — Хуҷанд» бо ибтикори соҳибкорони тоҷикистониву ӯзбекистонӣ Абдураҳим Ғафуров ва Фарҳод Каримов Маркази савдои Ӯзбекистон ба фаъолият оғоз кард.
- Ин амалро мо дар идомаи иқдомҳои бародаронаи роҳбарони ду давлат — Пешвои муаззами халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баҳри таҳкими дӯстии тоҷикону ӯзбекон пеш гирифтем, — гуфт Абдураҳим Ғафуров.
- Орзуи беш аз ду даҳсолаи мо — ӯзбекону тоҷикон ҷомаи амал пӯшид, — мегӯяд соҳибкор Фарҳод Каримов. — Мо ҳамеша дар ёди он будем, ки кай дарвозаҳо кушода мешаванду рафтуомад барқарор мегардад.
Растаҳои бозорро давр зада, маълум намудем, ки ҳанӯз корҳои ташкилӣ идома доранд. Фурӯшандагон сокинони ҷумҳурии ҳамсояанд. Дар растаҳо бештар либос ва хӯрокворӣ фурӯхта мешавад. Дар шафати бозор дигар бозорҳои азим, аз ҷумла «Сомон» — у «Атуш» ҷойгир шудаанд. Фарқ дар он аст, ки агар дар ду бозори зикршуда асосан маҳсулоти истеҳсоли давлатҳои дигари хориҷа фурӯхта шаванд, дар ин бозор танҳо маҳсулоти дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсолшуда фурӯхта мешавад.
- Барои соҳибкорӣ шароит фароҳам аст, — мегӯяд соҳибкорзан Одина Ҳомидова. — Фабрикаи истеҳсоли либосҳои занона дорам, ки дар он беш аз 400 зану духтари маҳаллӣ кор мекунанд. Шукр, ки барои мо имконияти бештар ҷиҳати фурӯши маҳсулот пайдо шуд. Мо ба сарварони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ташаккур мегӯем.
Бино ба гуфти масъулони бозор, айни ҳол аз 250 нуқтаи фурӯш дар 200 нуқтаи он соҳибкорони ӯзбекистонӣ ба савдо машғуланд. Роҳбарияти бозор қарор додааст, ки тайи 4 моҳ ба соҳибкорон нуқтаҳои савдоро ройгон пешниҳод намоянд.
Ба фаъолият оғоз кардани Маркази савдои Ӯзбекистон муҷиби пайдо шудани 40 ҷойи нави корӣ гардид, ки ҳар корманд моҳе то 1000 сомонӣ маош мегирад. Маъмурияти бозор ният дорад, ки рӯзҳои наздик растаи фурӯши яклухти маҳсулоти кишоварзиро низ ба истифода диҳад. Аммо, пайдо шудани мушкил дар гузаргоҳи гумрукӣ онҳоро ба ташвиш овардааст:
- Тибқи қонунгузорӣ ба Тоҷикистон ворид намудани ҳама гуна маҳсулот то ба маблағи 300 доллари амрикоӣ бе пардохти гумрукӣ бояд сурат гирад, — мегӯяд сарвари соҳибкорони ӯзбекистонӣ Фарҳод Каримов. — Дар ибтидо гузаштан бе мамониат буд. Ҳозир бошад, маҳсулоти вориднамуда 100 — 150 доллар арзиш дошта бошад ҳам, пардохти гумрукӣ талаб мекунанд.
- Вақте бозор ба фаъолият оғоз кард, аз тамоми сохтор омада, таъкид карданд, ки «ин иқдом самараи заҳмати беш аз 20 — солаи Пешвои миллатамон аст, — мегӯяд маъмури бозор Абдураҳим Ғафуров. — Дар муносибат бо соҳибкорон кӯшиш ба харҷ диҳед, то ягон нофаҳмие рӯи кор наояд. Агар ягон муаммо пайдо шавад, ба мо фавран муроҷиат кунед ва мо омода ҳастем, ба шумо кумак кунем!».
Хулоса, пуштибониву дастгириҳои роҳбарони сохторҳои қудратӣ моро дилпур кард. Ба кор бо дасту дили гарм камари ҳиммат бастем. Аммо баъдан диламон сахт хиҷил гашт.
Иқрор бояд шуд, ки нофаҳмӣ дар бозори марказии шаҳри Конибодом низ пайдо шуда буд. Аз он, ки нархи маҳсулоти фурӯшандагони ноҳияи Бешариқи ҳамсоя аз соҳибкорони конибодомӣ арзонтар буд, боиси норозигии савдогарони маҳаллӣ гардид. Масалан, ҷорӯби хонарӯбӣ, ки дар Конибодому Хуҷанд аз 12 то 15 сомонӣ арзиш дошт, бешариқиҳо ҳар донаи онро 3 сомонӣ фурӯхтанд. Хушбахтона, роҳбарияти шаҳр сари вақт ба масъала дахолат намуд ва муаммо ҳалли худро ёфт.
- Вақте бозор ба фаъолият оғоз карду маҳсулоти саноатии ҷумҳурии ҳамсоя ба фурӯш гузошта шуд, чанде аз фурӯшандагони бозорҳои ҳамсоя эътироз баён карданд, ки «мо нархи бозорро зада истодаем», — гуфт дар идомаи суҳбат Абдураҳим Ғафуров. — Баъд ба онҳо фаҳмонидам, ки «шумо нархи маҳсулотро беинсофона мегузоред, ба мардуми одӣ раҳм намекунед». Масалан, шиму костюмҳои бозори мо аз бозорҳои ҳамсоя 35 — 40 фисад арзонанд.
- Агар дастгирӣ намоянд, омодаам дар ин ҷо фабрикаи дӯхти либосҳои занонаро таъсис диҳам, — гуфт соҳибкорзан Одина Ҳомидова. — Маҳсулоти Ӯзбекистон назар ба маҳсулоти бозорҳои таҳҷоӣ аз он сабаб арзон аст, ки ашёи хом басо арзон мебошад. Аз ин рӯ, арзиши аслии маҳсулот низ арзон меафтад. Муҳимтар аз ҳама, ҷойҳои нави корӣ бо маоши хуб барои мардуми маҳаллӣ пайдо мешавад.
Ба андешаи мо, пеш аз ҳама, бояд мушкили дар гузаргоҳҳои гумрукӣ баамаломадаро ҳаллу фасл кард, зеро робитаҳои дӯстона набояд аз рӯзҳои аввал доғдор гардад. Нодида набояд гирифт, ки гурӯҳҳое ҳастанд, ки густариши робитаҳои моро чашми дидан надоранд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд онро халалдор созанд.
Дуюм, соҳибкорони маҳаллиро низ зарур аст, ки дар муносибат бо соҳибкорони ӯзбекистонӣ ботаҳаммул бошанд. Ҳикмати мардумие ҳаст: «Ягон нафар насибаи шахси дигарро хӯрда наметавонад».
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»
PS: Дар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд, ки 18 апрели соли равон доир шуд, раиси вилоят аз мавҷудияти камбудиҳои зикршуда дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ёдовар шуда, ба прокурори ҳарбии вилоят ҷиҳати рафъи онҳо дастур дод.