Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни муддао гардид, вагарна солҳои охир тӯю азодорӣ аз ҳад гузашта, гоҳҳо онҳоро фарқ карда намешуд.
Бо роҳ ёфтани анъанаву одатҳои бегона риоя накардани маросимҳои мардумии халқ низ аз ҷониби баъзе кӯтоҳфаҳмон ба ҳадди иғроқ расид. Чун ба онҳо эрод мегирифтед, саросема ҷавоб медоданд: Дар Арабистон ҳамин тавр аст! Масалан, 10 сол муқаддам дар яке аз деҳаҳои наздишаҳрии Хуҷанд, дар маросими азо муллои деҳа барои асо нагирифтани соҳибони маит бо онҳо саҳл монда буд, ки дастбагиребон шавад. Ба ин монанд, дар тӯе ҷавони гумроҳе бар зидди раъйи падараш навохтани карнайро манъ намуд. Иддао мекард, ки «агар карнай навохта шавад, домуллоҳо маъракаро тарк мекунанд».
Ҳамчунин, мехоҳам маъракаи дафни модари ҳамсоламро ба ёд орам. Он солҳо диндорони ҷоҳил сахт хурӯҷ карда буданд. Ҳафт фарзанд ду хел азодорӣ мекарданд: Теъдоди бештар ба даст асо гирифта, бо дидаҳои ашкбор «во бивем»-гӯён ба таъзия омадагонро истиқбол гирифта, гусел мекарданду ду нафари дигар, мисли он ки ба маъракаи бегона рафта бошанд, ором истода, на ин ки гиря намекарданд, ҳатто меҳмононро на «марҳабо» мегуфтанду на «хуш омадед». Дар маъракаи азодории дигар дидам, ки ба ҷои он ки фарзанд асо ба даст гирифта, азодорӣ кунад, писари ӯгаяш «во бивем», «марҳамат кунанд меҳмонҳои бивем»-гӯён азодорӣ мекард. Чун аз он ҷавон пурсидам, ки чаро ин тавр рафтор кард, ҳамон ҷавоби маъмулро дод: Дар Арабистон ин тавр азодорӣ намекунанд!
Таи як — ду соли охир дар маросимҳои азодории мардуми шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он боз як зуҳуроти номатлуб ба чашм мерасад: Оростани дастурхон дар рӯзи дуюм ва ҳатто рӯзи якуми баъди дафни майит. Чанде пеш бо рафиқон барои фотеҳахонӣ ба ҳамсоямаҳалла рафтем. Дастурхони болои мизро чунон оро дода буданд, ки гумон мекунед он ҷо маросими азодорӣ неву тӯй бошад. Куҷост мантиқи дар рӯзҳои аввали азодорӣ оростани дастурхон? Кадом шахси барои фотеҳахонӣ омада даст ба дастурхон мебарад?
Вақте ин андешаамро ба директори мактаби деҳа Ҳамзахоҷа Бурҳонов баён доштам, гуфт:
- Раисони маҳаллаҳо бояд кор кунанд!
Дуруст мегӯяд. Имому муллоҳои маҳаллаву деҳа низ бояд паи ислоҳи ин камбудӣ шаванд.
Чанде пеш бо Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ дар ҳамин мавзӯъ суҳбат кардем. Аз он нигаронӣ намуданд, ки баъзе ҷавонмуллоҳо қабл аз хондани ҷаноза, зимни амри маъруф аз маргу қиёмат ва дӯзах ёдовар шуда, чунон воҳима мекунанд, ки асаби на ҳама ба он тоқат мекунад. Масалан, як муллои ҷавон аксар вақт пеш аз хондани ҷаноза байтҳои зеринро такрор мекунад:
Ногоҳ аз ин ҷаҳонат бубаранд,
Аз ҳалқаи байни дӯстонат бубаранд.
Ғофил манишин замон-замонат бубаранд,
Гар ту наравӣ, кашон-кашонат бубаранд.
Пештар ҳар маҳалла ва деҳа пирони рӯзгордидаву кордидаи худро дошт, ки суханашон ба аҳли ҷомеа таъсиррасон буд. Имрӯз дар аксар маҳаллаҳо ин гуна шахсиятҳо боқӣ намондаанд. Бошанд ҳам, хеле каманду на ҳама ба маслиҳати онҳо гӯш медиҳанд. Биноан, корро бояд дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ тақвият бахшид.
Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум»