Хизматрасонӣ

Хуҷанд. Мусофиркашонӣ бо усули даврони Шӯравӣ эҳё шуд

№146 (3940) 04.12.2018

123123Ду моҳ аст, ки дар маркази маъмурии вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба ҷои микроавтобусҳо ҳаракати автобусҳоро ба роҳ монданд. Татбиқкунандагони лоиҳа ба чӣ ноил шуданд? Аҳолӣ аз ин иқдом чӣ фикру мулоҳиза дорад? Барои посух ба ин саволҳо ба роҳбари КДК «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» Саидхоҷа Баҳоваддинов ва сокинону меҳмонони шаҳр муроҷиат кардем:

- Баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ соҳаҳо, аз ҷумла нақлиёти мусофиркашонӣ рӯ ба инқироз оварда, автобазаҳои азими мусофиркашонӣ аз фаъолият бозмонданд: МИМҲД вилояту шаҳр тайи чанд соли охир пайи ҳалли ин мушкил буданд. Ниҳоят, бо таъсиси коргоҳи нави мусофиркашонӣ ва хариди 100 автобуси тамғаи «ЛиАз» ба ҷои микро­автобусҳо ҳаракати автобусҳоро ба роҳ мондем. Дар заминаи ин иқдом моҳиятан нақлиёти мусофиркашони давлатӣ аз нав эҳё шуд, — гуфт Саидхоҷа Баҳоваддинов.

Эътироф бояд кард, ки то оғози ҳаракати автобусҳои мусофиркашон дар маркази вилоят ҳаракати микроавтобусҳо бенизом буду дар ин бора матолиби зиёд чоп шуда буд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои бесарусомонӣ аз меъёр зиёд будани микроавтобусу хатсайр маҳсуб мешуд. Бино ба гуфти сардори шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи МИМҲД шаҳри Хуҷанд Солеҳзода Раҳим Рашидӣ, то роҳандозии ҳаракати автобусҳо ҳар рӯз дар шаҳр аз 90 хатсайри шаҳриву наздишаҳрӣ зиёда аз 1000 микроавтобус ҳаракат мекард.

- Баъди ба низом даровардани ҳаракати 22 хатсайри наздишаҳрӣ (мусофиронро то даромадгоҳи шаҳр мекашонанд) ҳар рӯз дар роҳҳои шаҳр 650 микроавтобус ҳаракат менамоянд, ки шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиётро хеле сабук кард, — мегӯяд номбурда.

Лозим ба ёдоварист, ки бинобар хусусӣ будан, вақти кории микроавтобусҳо дар ихтиёри соҳибонашон буд. Бино ба гуфти масъулин, ҳаракати автобусҳо аз соати 5.30-и субҳ то 22.30-и шаб таъмин буда, назорати доимӣ бурда мешавад.

Бегуфтугӯ, аз ҷорӣ кардани ҳаракати нақлиёти давлатӣ беш аз ҳама донишҷӯёну нафақахӯрон манфиат диданд.

Дар шаҳр, аз рӯи гуфти масъулон, 6 хатсайри мусофирбар амал мекунад,ки хатсайри дарозтарин №3 «Хуҷанд-Ғафуров» буда, аз деҳаи наздишаҳрии «Ёва»-и ноҳияи Б. Ғафуров бо воситаи шаҳри Хуҷанд то маркази маъмурии ноҳия -шаҳраки Ғафуров ба масофаи 20, 4 км тӯл кашидааст. Кӯтоҳтарини он №6 аст, ки аз маҳаллаи 8-ум то деҳаи наздишаҳрии Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров масофаи 7 километрро дар бар мегирад.

- Як сомоние, ки барои истифодаи нақлиёт мусофир пардохт мекунад, хароҷотро ҷуброн менамояд? Ба ин суол сарвари муассиса чунин посух дод:

- Ҳаққи роҳкирои пардохтмешуда ба хароҷоти он мувофиқат намекунад. Биноан, тасмим гирифтем, ки роҳкирои хатсайрҳои наздишаҳриро андаке баланд бардорем. Бояд гуфт, ки автобусҳо аз рӯи лоиҳа бо қарз дастрас шудаанду муҳлати пардохти онҳо фаро расидааст. Бо мақсади ҳар чӣ бештар ҷамъоварӣ намудани маблағи роҳкиро то ҷорӣ кардани системаи кортӣ ва валидатор чиптаҳои замони шӯравиро ташкил кардем. Роҳбарияти муассисаи навтаъсисро омода набудани инфрасохторҳои нақлиётӣ, тӯл кашидани татбиқи дигар қисмҳои лоиҳа, аз ҷумла сохтмони базаи истеҳсолӣ, таъминоти таҷҳизоти технологӣ барои хизматрасониҳои техникӣ ва таъмири автобусҳо, ҳолати роҳҳои автомобилгард дар баъзе хатсайри автобусҳо ва рақобати носолими микроавтобусҳо ба ташвиш гузоштааст.

Мардум чӣ фикру ақида доранд?

- Абдуманон Воситов, 75 — сола, нафақахӯр, сокини маҳаллаи 19-уми шаҳр: — Татбиқи лоиҳа барои мо нафақахӯрон айни муддао шуд. Агар то ин дам барои ба ноҳияи Б. Ғафуров рафтан аз дуюним то се сомонӣ пардохт кунем, ҳозир бо як сомонӣ ба манзил мерасем.

- Фарангис Самадова, донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров: — Аз ташкили ҳаракати автобусҳо бештар мо — донишҷӯён хурсанд шудем, ки маблағи барои роҳкиро пешбининамудаамон сарфа мешавад. Дар пеш фасли сармо аст. Агар дар ҷойҳои қобили қабул истгоҳҳои замонавӣ бунёд мекарданд, нуран алонур мешуд.

- Насрулло Абдуллоев, сокини шаҳри Панҷакент: — Ташкили ҳаракати автобусҳои давлатӣ зарур буд. Дирӯз ба маркази вилоят омада дидам, ки автобусҳо чун замони шӯравӣ ҳаракат доранд, басо хурсанд шудам. Хоҳишмандам, ки кондукторҳо ба мусофироне, ки мехоҳанд дар ин ё он истгоҳ фароянд, бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Мирзоаъзам Мақсудов,«Садои мардум»