Нигаронӣ

Хуҷанд. Ягона Осорхонаи ҷангиро хатари фаношавӣ таҳдид дорад

№152 (4002) 19.12.2019

22Сокини шаҳри Хуҷанд, собиқадори маориф, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадназир Аҳмадовро аз солҳои 80-уми асри XX мешиносам. Аз мухбирони фаъоли ҷамъиятии рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» мебошад.

Чанде пеш ба наздам омаду гуфт:

- Чанд сол аст, ки мушкилеро ҳал карда наметавонам.

- Чӣ мушкил, муаллим?

- Осорхонаи Бригадаи алоҳидаи 99-уми тирандозии тоҷик, воқеъ дар толори МТМУ №3-и шаҳри Хуҷандро медонед?

- Борҳо дар осорхона будам, аз таърихи таъсисёбиаш низ хабар дорам…

- То ба нафақа рафтан, аз ҳисоби маоши муаллимӣ, онро нигоҳубин мекардам. Ҳис карда истодаам, ки дигар қувватам барои идомаи фаъолият намерасад. Хостам ягон нафарро ёбаму ба вай нигаҳбонии осорхонаро супорам. Дар замони иқтисоди бозоргонӣ кӣ ройгон кор мекунад?! Чанд сол аст, ки  ба қавле, ҷои нарафтаам намонд. Аз масъулони маориф хоҳиш кардам, ки як воҳиди корӣ барои осорхона, ки назираш дар маҳал нест, ҷудо намоянд. Посух як хел буд: ин масъаларо ҳатман дида мебароем!… Маҷбур шудам, ба вазири маориф ва илм Нуриддин Саид нома нависам. Соле муқаддам, бо имзояшон ба унвони МИМҲД вилояти Суғд мактуб ирсол карданд, ки дар ҳалли масъала мусоидат карда шавад. Мутаассифона, то ҳол масъала ҳал нашудааст.

Осорхона соли 1985 бо кӯшиши ҷангноманавис ва журналисти шинохта Ҳасанбой Шарифи зиндаёд ба муносибати 40-солагии Ғалаба таъсис дода шуд. Дар ин муддат таҳти роҳбарии Муҳаммадназир Аҳмадов беш аз 3000 экспонат ҷамъоварӣ шуд.

Чанд рӯз пеш ба осорхона омадам ва ба дурустии суханони Муҳаммадназир Аҳмадов боварӣ ҳосил кардам.

- Осорхонаи Бригадаи 99-уми алоҳидаи тирандозии тоҷик дар ҳақиқат ҳам нодир аст, — мегӯяд муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Шавкат Алиев. Мо борҳо дар он ҷо семинару машварат гузаронида, тавсия дода будем, ки дар дигар шаҳру навоҳии вилоят таъсис додани он ба манфиати кор аст…

Лозим ба ёдоварист, ки он дар миқёси ҷумҳурӣ танҳо дар вилояти Суғд амал мекунад.

- Синнам ба 80 расидааст. Намедонам, аз умрам чӣ миқдор боқӣ монда. Хавотирам, ки баъд аз ман осорхона бесоҳиб ва экспонат ва расму суратҳои нодир несту нобуд мешаванд.

Дарду алами пирамарди дилсӯз ҳар инсони соҳибдилро ба андеша водор месозад. Зеро Муҳаммадназир Аҳмадов барои арҷгузорӣ ба ҷонфидоиҳои родмардони Ватан ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли ҷавон ҷаҳд дорад. Шояд баъд аз нашри матлаб гӯши суханшунаве ёфт шавад, ки ба арзи омӯзгор гӯш андозад…

Мирзоаъзам Мақсудов«Садои мардум»