Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар қатори дигар масоили муҳим оид ба исрофкорӣ ва риояи қонун ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки: «Дар чунин шароити буҳронии олам мардуми шарифи мо бояд аҳкоми шариатро доир ба зарари исрофкорӣ фаромӯш накунанд, боз ҳам сарфаю сариштакор бошанд, ҳангоми доир намудани тӯю маърака ва дигар маросиму оин, аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон, ба тақлиду намоишкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надода, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қатъиян риоя намоянд»…
Вале сад ҳайф, ки ҳанӯз дар ҷомеа ашхоси пандношунав кам нестанд. Онҳо ба хотири шуҳратталабӣ дар маъракаву чорабинӣ ба исрофкорӣ роҳ дода, аз иҷрои қонун саркашӣ мекунанд.
Чанде пеш дар маҷлиси ошкорои сайёри судии Суди ноҳияи Рашт, ки дар бинои Ҷамоати деҳоти «Қалъаи сурх» баргузор гардид, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Абдусаломов Маҳмадулло Абдулваҳҳобович мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки номбурда 23 январи соли 2018 дар деҳаи «Қалъаи сурх»-и ноҳияи Рашт ба хотири хатнаи писараш бо иштироки хешу табор маърака оростааст. Маърака нисфирӯзӣ ба анҷом расидааст, аммо ӯ бегоҳӣ бо иштироки беш аз 50 сокини деҳа бори дувум ин амалро такрор намудааст, ки хилофи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Аз ин хотир, аз ҷониби прокурори ноҳияи Рашт барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда тартиб дода шудааст.
Баъди шунидани шоҳидон ва муҳокимаи ҳамаҷонибаи парванда бо қарори суд Маҳмадулло Абдусаломов бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба панҷ ҳазор сомонӣ, ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Бале, «худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ». Чӣ бадӣ дошт, агар ин шахс маблағи барои зиёфат сарфкарда ва ҷаримаро ба манфиати оилааш истифода мебурд?
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»