Хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон чӣ паёмаде хоҳад дошт?

№53 (4315) 22.04.2021

Войска 1Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден эълон кард, ки неруҳои ҳарбии кишварро то ёздаҳуми сентябри соли 2021 аз хоки Афғонистон мебарорад. Ин хабар ҳам хуш қабул шуду ҳам мавриди интиқод қарор гирифт. Хуш барои он, ки пас аз бист сол «дарозтарин ҷанги Америка» (ифодаи Президенти ИМА Ҷо Байден) ба охир расида, «сарбозони америкоӣ ба хонаҳояшон бармегарданд».

Тасмими Президенти ИМА барои он танқид карда шуд, ки норозиён ҳанӯз вуҷуд доранд. Масалан, ҳаракати «Толибон» гуфтааст, ки хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон набояд то ёздаҳуми сентябр, балки тибқи қарордоди Доҳа (Созишномае, ки 29 феврали соли 2020 дар пойтахти давлати Қатар байни ҳаракати «Толибон» ва америкоиҳо баста шуд) то якуми майи соли 2021 анҷом дода шавад.

Зимнан, ҳаракати «Толибон» гуфтааст, то он вақте ки неруҳои хориҷӣ пурра аз Афғонистон бароварда нашаванд, онҳо дар ҳеҷ конференсия роҷеъ ба масъалаи Афғонистон иштирок нахоҳанд, кард. Ин дар ҳолест, ки аз 24 апрел то 4 майи соли равон дар шаҳри Истанбули Туркия вобаста ба раванди сулҳи Афғонис­тон конференсияи байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти портали хабарии «Афғонистон», Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия низ тасмими роҳбарияти ИМА — ро дар мавриди хуруҷи неруҳояшон бо нашри баёния шарҳ додааст. «Эълони ИМА дар бораи тасмими баровардани неруҳояш аз Афғонистон то 11 сентябри соли равон бар хилофи созишномаи байни америкоиҳо ва «Толибон» аст, ки 29 феврали соли 2020 ба имзо расид ва ихроҷи пурраи неруҳои ИМА — ро аз Афғонистон то 1 майи соли 2021 муқаррар кард, — омадааст дар баёния. — Дар робита ба ин, изҳори нигаронӣ карда мешавад, ки эҳтимол муқовимати мусаллаҳона боз шиддат гирифта, натиҷаеро, ки дар музокироти байниафғонӣ ба даст омада буд, барбод диҳад».

Агар як қисми интиқодҳо нисбат ба ин тасмими ИМА дар хусуси сари вақт набаровардани неруҳои ҳарбӣ аз Афғонистон бошад, қисми дигари онҳо сирф баровардани неруҳоро интиқод кардаанд. Масалан, собиқ мушовири давлатии ИМА оид ба бехатарӣ Ҷон Болтон гуфтааст, ки хориҷ кардани неруҳои ҳарбӣ ин хоҳ — нохоҳ маънои ба дасти ҳаракати «Толибон» супоридани қудратро дорад.

Дар ҳамин ҳол вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни баромад дар конференсияи «Муколамаи Райсин» (Ҳиндустон) гуфтааст: «Толибон» бояд бо роҳи демократӣ иваз шаванд. Агар онҳо бихоҳанд, ки ба идеологияи солҳои навадуми асри XX баргарданд, пас ин номумкин аст. Зеро Афғонистони имрӯза дигар аст». Мазмун, дигар ба тахт омадани Аморати Исломии Афғонистон (ё ҳадди ақал орзуи онро кардан) имкон надорад.

Бояд гуфт, ки масъалаи баровардани неруҳои ҳарбии кишварҳои ғарбӣ, хоса ИМА аз Афғонистон, масъалаи собиқадор аст. Дар гузашта ҳам ин мавзӯъ борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Чунончи, собиқ Президенти ИМА Барак Обама моҳи июли соли 2011 фармони марҳала ба марҳала аз Афғонистон баровардани низомиёни кишварро содир кард, ки тибқи он, бояд то охири соли 2014 ҳарбиёни америкоӣ пурра хоки Афғонистонро тарк мекарданд.

Ин нукта ҳам қобили зикр аст, ки он замон давраи аввали президентии Барак Обама ба охир мерасид ва ӯ барои иштирок дар интихоботи баъдӣ тайёрӣ медид. Бо ин мақсад ба барномаи пешазинтихоботӣ банди алоҳида роҷеъ ба хуруҷи марҳилавии неруҳои ҳарбии ИМА аз Афғонистонро ҳам ҷой дод. Зеро кишвар тайи солҳои ҷанг дар Афғонистон ҳам талафоти зиёди ҷонӣ дода буду ҳам масрафи бешумор. Америкоиҳо бошанд, ба ин розӣ набуданд ва ҳар чӣ зудтар аз он «варта» баромадани ҳарбиёнашонро мехостанд. Барак Обама ҳам он вақт гуфта буд: «Мо наметавонем» то абад аз Афғонистон дифоъ кунем».

Бисёре аз коршиносон ҳам ақида доштанд, ки яке аз омилҳои пирӯз шудани Барак Обама дар интихоботи президентии соли 2012 ҳамон ваъдаи баровардани неруҳои ҳарбии кишвар буд, ки аз ҷониби сокинони ИМА хуш қабул ёфт, ҳарчанд амалӣ нагардид.

Солҳои баъдӣ ҳам масъалаи баровардани неруҳои ҳарбии хориҷӣ аз хоки Афғонистон зуд — зуд ба миён гузошта мешуд. Лек баъзе аз расонаҳои ахбор ва коршиносони алоҳидаи кишварҳои минтақа таъкид мекарданд, ки ҳоло барои баромадани артиши НАТО аз Афғонистон вақти муносиб нест, зеро хатар ҳанӯз побарҷост. Ё бо нигаронӣ савол мегузоштанд, ки НАТО аз Афғонистон меравад, ҳоли мо чун хоҳад шуд?.

Дар робита ба масъалаи хурӯҷи неруҳои ҳарбии ИМА аз Афғонистон, понздаҳуми апрели соли равон котиби давлатии ИМА Энтон Блинкен ба Кобул сафар карда, бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Роҳбари Шӯрои сулҳ ва оштии миллӣ Абдулло Абдулло мулоқот намудааст. Ӯ гуфтааст, хориҷ шудани неруҳо ҳамкории стратегии байни кишварҳоро коҳиш намедиҳад, балки ИМА ба уҳдадориҳояш дар назди ҳукумати Афғонис­тон ва мардуми он содиқ хоҳад монд.

Дар пайи эълони тасмими баровардани неруҳои ҳарбии ИМА Олмон ва Британияи Кабир ҳам гуфтаанд, ки низомиёнашонро аз Афғонистон мебароранд.

Вале савол ин аст, ки пас аз он чӣ хоҳад шуд? Яъне, агар америкоиҳо, дар ҳақиқат, низомиёнашонро то сентябри соли равон берун биёранд, ба эътирози сахти ҳаракати «Толибон» дучор хоҳанд шуд. Эътирози онҳо бошад, маънои бархӯрди мусаллаҳона, шиддат гирифтани тарсафканӣ ва кашол ёфтани дастрасӣ ба сулҳро дорад.

Зимнан, доир ба раванди сулҳ дар Афғонистон 15 апрели соли равон вохӯрии сафирон ва намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Миёна (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон) ба тариқи фосилавӣ доир гардид, ки аз натиҷаи он изҳороти муштарак қабул карданд. Иштирокчиён, аз ҷумла, ба мувофиқа расиданд, ки танҳо созишномаи тавассути музокирот бадастомада метавонад ба ҷанг хотима бахшида, барои сулҳу суботи минтақавӣ замина гузорад. Инчунин, таъкид карданд, ки дар ҳама гуна созишномаи сулҳ бояд ҳуқуқи қишрҳои Афғонистон, аз ҷумла занон, ҷавонон ва ақаллиятҳои миллӣ риоя гардад. Таъкиди дигар бар он шудааст, ки татбиқи Созишномаи Доҳа аз 29 феврали соли 2020 иҷрои уҳдадории ҷонибҳоро тақозо менамояд. Сафирони махсуси Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони махсуси кишварҳои Осиёи Миёна, ҳамчунин, изҳор ­доштаанд, ки бо мақсади пеш бурдани раванди сулҳ бояд ҳама гуна тағйирот дар сохтори идоракунии Афғонистон аз ҷониби мардуми афғон ва бо эҳтироми муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба демократия муайян карда шавад.

Ба ибораи дигар, ҳар тасмиме, ки гирифта мешавад, бояд манфиати мардуми афғонро сарфи назар накунад. Вагарна ҳама талош бесамар аст.

М. УСМОН,

 «Садои мардум»