Хуруҷи неруҳои Америка аз Афғонистон: пешомадҳо ва нигарониҳо

№83-84 (4345-4346) 26.06.2021

1525089436_0_149_2858_1757_1920x0_80_0_0_4f517ab3449421ecf53b60a432a87cd6Президенти ИМА Ҷо Байден дар доираи барномаи пешазинтихоботӣ 14 апрели соли равон хабар дод, ки аз аввали моҳи май омодагиро барои баровардани неруҳои низомии кишвар аз Афғонистон оғоз мекунад. Ин тасмим аз тарафи дигар иттифоқчиёни паймони НАТО хуб пазируфта шуд. Далели аслии Ҷо Байден ва ҳампаймонҳояш он аст, ки «Толибон» дигар ҷонибдор ва алоқаманди ҷанги дохилӣ дар кишвари ҷангзада набуда, Афғонистон ҳам дигар на дар минтақа ва на дар сатҳи ҷаҳонӣ макони таҳдиди терроризму экстремизм шуда наметавонад, зеро ин зуҳуроти шум «ба маҳали дигар гузаштааст». Дар асл мақсади онҳо аз мафҳуми «маҳали дигар» чист, то ҳол маълум нест. Аммо сарфи назар аз чунин пазириш дар байни роҳбарияти ҳарбии ИМА ва паймони НАТО ташвишу нигаронӣ дар бобати ҳифзи субот дар Афғонистон боқӣ мондааст.

Хусусан, яке аз масъалаҳои муҳим ва стратегӣ он аст, ки оё то 11 сентябри 2021 неруҳои низомии ИМА метавонанд Афғонистонро тарк намоянд? Зеро масъалаи хориҷшавии низомиён ва баҳсу мунозирот доир ба он дар даврони роҳбарии Доналд Трамп ба амал омад. Баъд аз сипарӣ шудани ду моҳи охир ҳатто Ҷо Байден низ ин фосилаи замониро ғайривоқеӣ мешуморад. Аз нигоҳи таҷрибаи ҷангҳои «локалӣ» ҳақ бар ҷониби шаккокони сиёсӣ ва Ҷо Байден аст, зеро ҷобаҷогузории воҳидҳои низомии чандҳазорнафара, техникаву технологияҳои муосири низомӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва иҷтимоиву иқтисодии низомиён ва оилаҳои онҳо, бебозгашт тарк кардани Осиёи Миёна ва ворид шудан ба марзу буми он, ки ҳанӯз аз солҳои 60-уми асри XIX минтақаи «зери назари Россия» аст, хаёли хом ва устураи сиёсӣ мебошад.

Шубҳа нест, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва геополитикии Ҷо Байден ва Пентагон аз он иборат аст, ки баъд аз хориҷ кардани неруҳои низомӣ онҳоро бояд дар минтақаи Осиёи Миёна ҷойгир намоянд. Зеро, дар сурате ки баъд аз ба сари қудрат омадани «Толибон» агар авзои сиёсию иҷтимоӣ ва амниятӣ бад гардад, дар он ҳолат аз кишварҳои ҳамҷавор ба осонӣ метавон ба ҳукумати расмии Афғонистон ёрӣ расонд. Ҳатто агар ҳеҷ воқеа ҳам сар назанад, дар паҳлуи ҳукумати Афғонистон будани низомиёни америкоӣ метавонад аз нигоҳи равонӣ ба онҳо қуввату дастгирӣ шавад.

Яке аз мушкилиҳои бузурге, ки дар ин самт ба вуҷуд омадааст, он аст, ки  рафтан ва ё нарафтани америкоиҳо аз Афғонистон дар замоне амалӣ шуда истодааст, ки муносибати байни Россия ва Америка дар ҳолати хуб қарор надошта, воқеаҳои солҳои охир ва манфиатҳои геополитикии ҳар ду кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ пурра шакли дигар гирифтаанд.

Агар ба ёд биёрем, замоне ки ИМА ва шарикони вай аз НАТО вориди Афғонистон шуданд, Россия ва Америка шомили эътилофи зиддитеррористӣ буданд. Дар доираи он иттиҳод ИМА ҳамчун кишвари қурбонии ҳуҷумҳои террористӣ ба Россия муроҷиат намуд, ки бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон доир ба ҷойгиркунии низомиёни америкоӣ гуфтугӯи расмӣ анҷом диҳад. Россия барои дастгирии Америка дар он рӯзҳои мушкил аз бисёр масъалаҳо чашм пӯшида, ба хотири ҷойгир кардани инфрасохтор ва низомиёни ИМА дар он ду ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ талоши зиёд кард. Ҳатто бо миёнаравии Россия дар Тоҷикистон низ низомиёни фаронсавӣ ҳамчун намояндагони неруҳои НАТО макони будубош пайдо карданд.

Ҳоло вазъият тамоман дигар шудааст ва умуман ба назар ғайриимкон мерасад, ки Россия барои ворид сохтани низомиёни ИМА ва НАТО ба ин ҷумҳуриҳо розӣ шавад. Аз тариқи Украина наздик шудани неруҳои НАТО ба сарҳадоти Россия, воқеаҳои Молдова, Беларус, беэҳтиромӣ нисбат ба Президенти Россия дар вохӯрии сарони кишварҳои аъзои G-8 дар Япония ва ғайра амалҳои нобахшиданӣ мебошанд. Инро на В. В. Путин ва на ҷомеаи Россия таҳаммул карда наметавонанд. Агар дар маҷмӯъ гирем, имкони ворид кардани неруҳои хориҷӣ ба Қирғизистон хеле зиёд буд, лекин воқеаҳои охири байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба раванди сиёсӣ дар ин кишвар ҷомаи дигар пӯшонд. Сафари Президенти Қирғизистон ба Москва ва гуфтушуниди вай бо В. В. Путин умедҳои ИМА ва НАТО-ро ба бод дод. Авзои дохилии Қирғизис­тон низ зери назорати ҳукумати кишвар қарор дорад.

Аз сафари охирини Президенти Тоҷикистон ба Москва (8-9 майи соли равон) ба хубӣ маълум мегардад, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики бо­эътимоди Россия дар доираи СААД метавонад ба кумаки ҳамаҷониба ва дастгирии вай дар самти таъмини амнияти марзу бум эътимоду боварии калон дошта бошад.

Агар ба масъала аз ҷониби дигар назар афканем, дарёфт хоҳем намуд, ки Россия намехоҳад дар Афғонистони ҳамҷавори Осиёи Миёна режими исломгароёни радикалӣ барқарор гардад, чунки барои вай низ бо дарназардошти авзои дохилии кишвар ва ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Қафқоз, Бошқирдистон, Тотористон ва ғайра ин режими хатарзо метавонад хеле таъсиргузор бошад.

Масъалаи ҷиддии дигаре, ки дар ин самт вуҷуд дорад, аз он иборат аст, ки саҳми Россия дар хунсо кардани ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ва фирор карда, ба Афғонистон гузаштани ифротгароёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва ба пойгоҳи муборизоти сиёсӣ қарор додани Афғонистон хеле бузург аст ва қасос гирифтани онҳо аз Россия ва шарикони ҳампаймонаш яке аз ҳадафҳои сиёсӣ ва ҷонии онҳо маҳсуб мегардад.

Россия ва шарикони вай ҳоло пешорӯи хатарҳои нави геополитикӣ қарор доранд ва таърих барои онҳо ду роҳро гузоштааст: Якум, воҳидҳои низомии ИМА ва НАТО вориди кишварҳои Осиёи Миёна шуда, бо кумаки ИМА ва Россия минтақаро метавонанд аз ин хатарҳо эмин доранд. Дуюм, дар ҳолати дур шудани ИМА аз Афғонистон ва Осиёи Миёна метавонад бо дастгирии молиявию низомии шариконаш «Толибон», боқимондаҳои ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротии минтақаро ба «маҳали нави» терроризм табдил диҳанд. Оё Россия, Чин, Эрон ва кишварҳои пасошӯравӣ бо имконоти мавҷудаи иқтисодӣ метавонанд дар муқобили бозиҳои нави геополитикӣ, ки шояд ба даҳсолаҳои дигар тӯл кашад, истодагарӣ намоянд?

Ҳамин ва бисёр масъалаҳои дигари сатҳи ҷаҳонӣ ҳастанд, ки дар байни таҳлилгарон ва сиёсатмадорон доир ба муҳлати муайяншудаи хуруҷи неруҳои низомӣ аз Афғонистон шубҳаи зиёдеро ба бор овардаанд, ки ин аз беэътимодии онҳо нисбат ба низомиён ва сиёстмадорони Америка мебошад.

Воқеаҳои рӯзҳои охир низ нишон медиҳанд, ки доир ба ин масъалаҳо ҳатто дар ҷомеаи ИМА низ ихтилофоти зиёди назарӣ ба вуҷуд омада, Вазорати дифоъ, Конгресс ва Вазорати хориҷа то ҳанӯз ба қарори умумӣ наомадаанд. Агар ҳизби демократ аз ин тасмими Ҷо Байден интиқоди сарсахтона намояд, ҷумҳурихоҳон бидуни шакку шубҳа дар муқобили он қарор гирифтаанд. Шарикони аврупоии ИМА низ дар такя ба он далели иқтисодӣ, ки тайи 20 соли охир онҳо дар Афғонистон беш аз садҳо миллиард долларро сарф кардаанд, дар ин самт пофишорӣ менамоянд. Бешубҳа ин масъала буҳрони воқеӣ ва раднопазиреро ба вуҷуд овардааст, чунки тибқи сарчашмаҳои ғайрирасмӣ хароҷоти шарикони ИМА ба триллионҳо доллар расидааст.

Ба андешаи баъзе аз коршиносони ғарбӣ ва афғонистонӣ, дар масъалаи хуруҷи неруҳои ИМА ва НАТО байни Афғонистону Ироқ монандиҳои зиёд дида мешавад. Барои мисол, ҳоло теъдоди неруҳои америкоӣ дар Ироқ аз 3000 то 5000 нафар мерасад. ИМА шуморае аз онҳоро барои муҳофизати сафоратхонаҳо ва дигар муассисоти амрикоӣ ва аврупоӣ, инчунин, барқарор ва мавҷудияти пойгоҳи ҳарбии худ ва НАТО нигоҳ доштааст. Шояд дар нисбати Афғонистон низ ин тарзи хуруҷ сурат гирад, зеро таҷрибаи талхи Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳониро аз он огоҳ месозад, ки дар ин масъала бояд хеле эҳтиёткор бошанд. Ё ба пешниҳоди дигар имкон дорад дар Афғонистон шумораи чанде аз низомиҳо аз ҳисоби кормандони Идораи истихборотии ИМА ва муҳофизатгарони сохторҳои гуногун боқӣ монанд, ки ба ҷумлаи онҳо кормандони ширкатҳои хусусӣ, зархаридони онҳо дар шакли пулис ва ғайра шомил шуда метавонанд.

Дар баробари ин «сенария»-и дигаре ҳам шуданаш мумкин аст, ки мутобиқи он шояд пас аз конфронс дар Туркия «Ҳукумати нави муваққатӣ» дар Афғонистон ташкил шуда, америкоиҳо бо он созишномаи нав ба имзо расонанд. Дар ин ҳолат неруҳои низомии ИМА ва НАТО дар Афғонистон метавонанд таҳти сарпарастии СММ дар «мақоми сулҳхоҳон» қарор гиранд. Чанд сол қабл дар Афғонистон Неруҳои байналмилалии мусоидат ба амният (ISAF) ҳузур доштанд ва ин раванд натиҷаҳои хуб ба бор овард.

Чи тавре ки тазаккур додем, дар Афғонистон баробари «Толибон» дар ин «савдои сиёсӣ-иқтисодӣ» ДИИШ, Ҳизб — ут — таҳрир, гурӯҳҳои тундрави Ироқу, Сурия, Қафқозу Осиёи Миёна низ амал хоҳанд кард. Гурӯҳҳои дигаре низ ҳастанд, ки пурра таҳти назорати хадамоти махсуси ҷосусии кишварҳои алоҳида буда, аз манофеи онҳо ҳамаҷониба дифоъ мекунанд ва марзи байни Афғонистону Покистонро истифода мебаранд.

Воқеан, агар аз нигоҳи стратегӣ назар андозем, вазъияти баамаломада мураккаб буда, пешбинӣ кардани он мушкил мебошад. Масалан, то ҳол аксуламали кишварҳои мафиатдор, аз қабили Ҳиндус­тон, Эрон ва Россия пурра маълум нагардидааст. Бо вуҷуди ин, умедҳое барои беҳбудӣ бахшидан дар ин вазъияти баамаломада ҳастанд. Дар ғайри он, муташанниҷ шудани авзои Афғонис­тон ба минтақа ва ҷаҳон таъсири манфӣ хоҳад расонд. Дар робита бо кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабони Афғонистон — Эрон метавон гуфт, ки агар ИМА бо Эрон дар бобати барномаи ҳастаӣ ба тавофуқ расанд, натиҷаҳои хуб хоҳад дод. Аммо агар вазъият ба таври манфӣ сурат гирифта, муҷозоти иқтисодӣ ва сиёсӣ идома ёбад, Эрон имконияти васеъ дорад ба воситаи гурӯҳи «Фотимиён», ки ҳоло дар Сурия ҷанг мекунанд, инчунин, дигар гурӯҳҳои ҷангиён дар Афғонистон амал намояд. Зеро ИМА ва шарикони вай аз НАТО «санге дар бағал доранд», ки онро фош намесозанд ва метавонанд дар ҳар лаҳза мавқеашонро тағйир диҳанд.

Дар сурате ки дар Истанбул «Ҳукумати нави ­эътилофӣ» аз ҳисоби «Толибон», муҷоҳидин, гурӯҳи Дӯстум, «технократҳо», яъне, афғонҳои дорои шиноснома ва шаҳрвандии америкоӣ, ташкил ёбад ва Ҳомид Карзаю Муҳаммад Ашраф Ғанӣ низ ба он дохил шаванд, шояд тағйироте дар ин раванд ба вуҷуд ояд. Лекин ин ҷо фарҳанги давлатдорӣ ва психологияи мардуми (конгломерати) Афғонистон ва гурӯҳҳои манфиатдори пуштипардавии кишварро низ набояд фаромӯш сохт.

Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, ҳадафи аслии америкоиҳо таъсиси «секунҷае» мебошад, ки ба он Иттиҳоди Шимол, унсурҳои ғарбгаро ва «Толибон» дохил мешаванд. Аммо роҳбарии давлат бояд дар ихтиёри унсурҳои ғарбгаро боқӣ монад. Дар доираи ҳамин нақша қисмате аз Афғонистон таҳти назорати «Толибон» қарор гирифта, қаламрави шимоли он зери назорати ӯзбекҳо, яъне Дӯстум ва муҷоҳидини тоҷиктабор хоҳад монд. Баъзе аз вилоятҳое, ки қисмати зиёдашон аз ҷумлаи аҳли мазҳаби ташаюъ мебошанд, дар ихтиёри ҳизбҳои эронгаро шомил мешаванд. Ҳоло ин нақша ё лоиҳаест ва маълум нест, ки амалӣ мешавад ва ё ҳамчун нақша боқӣ мемонад.

 Дар байни кишварҳои араб бошад, давлати Қатар яке аз шарикони стратегии ИМА мебошад, онҳо кӯшиш мекунанд бо кумаки молиявии ин давлат вазъиятро таҳти назорат қарор диҳанд. Аммо дар оянда «ҳукумати муваққатӣ»-и лоиҳавӣ чӣ қадар боқӣ мемонад ва чӣ мушкилӣ ва паёмадҳо Афғонистонро интизор хоҳад буд, вақт нишон хоҳад дод.

 Дар мавриди сохтори ҳукумати оянда низ дар байни сиёсатмадорон ва коршиносон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Масалан, ихтилофи асосӣ дар бобати Конститутсия ва ворид кардани тағйиру иловаҳо ба нуктаҳои муҳими он мебошад, зеро то ҳол маълум нест, ки ин масъалаҳо чӣ гуна ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Ба қавли баъзе аз коршиносони масоили стратегӣ, сохтори ояндаи ҳокимият бояд дар Афғонистон амалан аз рӯи усули «конфедератсия» бунёд гардад. Ин масъала борҳо аз ҷониби шимолиён дар рӯзномаи ҷаласаҳо гузошта шуд ва мутобиқи он бояд қисмате аз вилоятҳо ба «Толибон» дода шавад. Баъд аз соҳиб шудан ба қудрати сиёсӣ дар он манотиқ «Толибон» бе чуну чаро сохти давлати исломӣ ва низоми қонунгузории шариатиро барқарор месозанд. Ин масъалаҳо дар Конститутсияи кишвар ҳатман инъикос хоҳад ёфт. Вале бо ин дастовард «Толибон» қонеъ нахоҳанд шуд ва минбаъд низ барои густариши нуфуз дар Афғонистон муборизаи беамон мебаранд, зеро онҳо таҷрибаи хубӣ ҷангӣ дошта, дар доираи психологияи ҷангӣ таваллуд ва тарбия ёфтаанд. Яъне «сулҳ барои онҳо ҷанг ва ҷанг барояшон сулҳ аст». Ин ҷо шакку тардиде вуҷуд надорад ва дар ҳар сурат, америкоиҳо бояд то 9 сентябри соли равон мавқеашонро дар баробари ин ва дигар масъалаҳо муайян карда, тавассути иродаи сиёсии Президент ва Конгресс онро баён созанд.

Як нуктаи хеле муҳими стратегиро бояд фаромӯш накард, ки америкоиҳо ба Афғонистон на барои он ворид шудаанд, ки дубора аз он берун раванд, зеро ин бо баҳои хеле гарон амалӣ шудааст ва амали нобахшиданӣ барои онҳо хоҳад буд. Дар ин бахш набояд тафаккури қолабигаштаи империяхоҳии ИМА ва тарҳи «дунёи якқутба»-ро низ фаромӯш кард.

Шояд дар ин раванд вазъияти тактикӣ тағйир ёбад, аммо таърих гувоҳи он аст, ки дар сиёсати стратегии ИМА ҳеҷ гоҳ таҳаввулоти бунёдӣ мисли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рӯй нахоҳад дод. Ин воқеияти раднопазир аст.

Ҳамчунин, набояд масъалаи истеҳсоли маводи нашъадорро фаромӯш сохт, зеро америкоиҳо ҳанӯз омода нестанд, ки ба ин андоза «сармояи бузург»-ро дар ихтиёри Покистон гузоранд. Илова бар ин, мавҷудияти канданиҳои фоиданок, ки дар Афғонистон аз ҷониби мутахассисони шӯравӣ кашф гардиданд, набояд аз ёдҳо равад. Дар ҳолате ки давлати эътилофӣ ташкил ёбад, ИМА ва НАТО ба ҳеҷ ваҷҳ неруҳоро аз Афғонистон берун нахоҳанд бурд. Болотар аз ин, имкон дорад бо мақсади амалӣ сохтани нақшаҳои геополитикӣ дар Осиёи Миёна ИМА дар баъзе аз ин кишварҳо воҳидҳои низомиашро бо атои сармояи ҳангуфт ҷобаҷо созад, аммо пурра тарк кардани минтақа барояш ғайриимкон аст, зеро ҷанги ИМА дар сарзамини Афғонистон бист сол боз давом дорад ва дар ҳолати тағйир надодани тактикаи ҷангӣ шояд он беохир идома ёбад. Чунки моҳияти ин ҷанг аз он иборат аст, ки яке аз ҷонибҳо бояд аз майдони ҷанг берун барояд.

Зимнан, дар дохили Афғонистон қабилаҳои зиёди паштун низ ҳастанд, ки аслан ҷонибдори комилан торумор кардани «Толибон» мебошанд, зеро онҳо хуб медонанд, ки «Толибон» дар муқобили мошинаи низомии ИМА муқовимат карда наметавонанд ва неруҳои низомии ин кишвар қодиранд дар кӯтоҳтарин вақт ин амалро анҷом диҳанд. Дар ғайри он тавозуни қувва ба фоидаи аҳолии туркзабон хоҳад анҷомид. Ин як ҳолати ногувор ва як бозии хеле печидаест.

Гузашта аз ин, ҳоло дар Афғонистон ва низоми иқтисодии он шароити хеле мураккаб ба вуҷуд омадааст. Пӯшида нест, ки америкоиҳо аз замони ворид шудан то ба ҳол ҳукумати ин кишварро аз нигоҳи иқтисодӣ ва молӣ дастгирӣ карда, неруҳои мусаллаҳи онро, ки тақрибан 300 ҳазор сарбозро дар бар мегирад бо лавозимоти низомӣ, аслиҳа, муҳимот, сӯзишворӣ ва маошу будубош таъмин мекунанд ва ин раванд баъд аз хуруҷи ИМА ва НАТО низ бояд идома ёбад.

Бидуни шак хароҷоти артиш, пулис ва неруҳои амниятӣ на танҳо аз ҷониби ИМА ва НАТО, инчунин, тавассути кишварҳои арабӣ низ ҷуброн мешавад. Ин кишварҳо бояд бо далелҳои равшан ва қонеъкунанда ба аҳолӣ нишон диҳанд, ки ҷанги беш аз 20-сола дар Афғонистон кишварҳои «донор»-ро ба натиҷаи муайян ва ҳадафҳои лозима расонидааст. Минбаъд барои ИМА ва Аврупо терроризми байналмилалӣ аз хоки Афғонистон дигар таҳдид карда наметавонад ва дар ин минтақа пояҳои он хунсо гаштаанд. Ба ин далел америкоиҳо бояд аз Афғонистон берун шаванд, чунки дар ин ҷанги аз ҳама тӯлоние, ки дар таърихи навини НАТО ва ИМА ба вуқӯъ пайвастааст, ба пирӯзии ИМА ва шарикони вай ба итмом расид ва миллати америкоӣ, андозсупорони кишвар метавонанд дар фазои сулҳу оромӣ ва амният зиндагӣ намоянд. Яъне, ба амнияти мардум дигар терроризми байналмилалӣ халал нахоҳад дошт.

Намояндаи ваколатдори В. В. Путин дар Афғонистон доир ба ин масъала мавқеи Россияро шарҳ дода, таъкид кардааст, ки ҳадафи ИМА дар бобати ба моҳи сентябр мавқуф гузоштани хуруҷи низомиҳо аз Афғонистон раванди сулҳро дар кишвари ҷангзада хеле мураккаб месозад. Ба назар чунин мерасад, ки шояд пешбинии Замир Кобулов ба андозае дуруст бошад, аммо дар ин раванди пурпечутоби сиёсӣ ва иқтисодӣ тамоми гуноҳро бар дӯши ИМА бор кардан низ хуб нест. Замоне ки америкоиҳо нақша карданд, ки дар доираи он то 11 сентябри 2021 хоки Афғонистонро тарк мекунанд, шарти асосӣ ҳамин буд, ки бояд раванди барқарории сулҳ дар ин кишвар ва музокирот бо ҳарифони сиёсии онҳо натиҷаи дилхоҳ дода, бозингарони минтақа низ ба гузаштҳое роҳ диҳанд.

Ҳоло он ки вазъият чунин нашуд. Новобаста ба он ки музокирот бо «Толибон» дар Қатар моҳҳо тӯл кашид, лекин натиҷаи лозимаро ба бор наовард. Дар иртибот ба ин, то он замоне ки барои ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон натиҷаҳои дилхоҳ ба даст наоянд, ИМА ва НАТО наметавонанд он кишварро тарк созанд. Дар акси ҳол, вазъият метавонад аз назорат берун равад ва «Толибон»-у Иттиҳоди Шимол чанд вилоятро ишғол намуда, таҳти тасарруф қарор диҳанд. Иловатан, агар ин мавқеъгириҳо ба ҷанги хонумонсӯзи «Толибон»-у Иттиҳоди Шимол барад, оқибат чӣ хоҳад шуд? Америкоиҳо бо дарназардош­ти чунин вазъият маҷбур шуданд санаи хуруҷи қувваҳояшонро тағйир диҳанд, зеро натиҷаи ҷанги 20-сола барои андоз­супорандагони кишварашон норавшан мемонад.

Воқеияти ҳол дар Афғонистон ин аст, ки ихтилофи зиёд дар ин давлат вуҷуд дорад ва то он замоне ки онҳо аз байн бурда нашаванд, сулҳи давомдор ғайриимкон аст ва буҳрон тайи даҳсолаҳои дигар идома хоҳад ёфт. Аммо баъзе аз коршиносони масоили Афғонистон чунин мепиндоранд, ки то он замоне ки дар Афғонистон «мақоми бетарафӣ» эълон нагардад, ҷанг дар ин ё он шакл давом хоҳад ёфт. Аммо америкоиҳо дар ин бора ҳанӯз чизе нагуфтаанд ва зоҳиран маълум мегардад, ки ин масъала ба онҳо чандон қобили қабул нест. Лекин агар бетарафии Афғонистон расман эълон шавад, он гоҳ дар сатҳи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ кафолати байналмилалӣ дода мешавад ва вазъ дар кишвар метавонад батадриҷ ислоҳ шавад. Бидуни шак, бояд дар Афғонистон сохтори давлатие эҷод шавад, ки тавонад халқҳо, қавмҳо ва миллиятҳои қаламрави онро қаноатманд ва бо ҳам муттаҳид созад. Дар акси ҳол буҳрон идома меёбад. Як намунаи давлатдорӣ ва идеяи дигаре, ки вобаста ба ин масъала пешниҳод шудааст, сохтори ҳокимияти «худмухторӣ» буда, қавму халқиятҳо ва миллатҳои Афғонистон, ки дар шакли конгломерат муттаҳид шудаанд, метавонад алоҳида, бидуни роҳбарии мутамарказӣ идора карда шаванд. Ҳадаф аз ин шакли марказгурезӣ иттиҳоди қавмӣ аст, ки ба хотири нигоҳ доштани ҳувияти табории мардуми муқими Афғонистон равона гардидааст.

Дар робита ба ин, дар сарзамини паҳновари Афғонистон ҳама қабули Конститутсияи навро интизор мебошанд. Вале, дар маҷмӯъ, чунин ба назар мерасад, ки вазъ дар Афғонистон зоҳиран бадтар шуда истодааст.

Дар он ҳолате ки америкоиҳо ва неруҳои НАТО пас аз ҳузури тӯлонӣ  Афғонистони харобгардидаро боқӣ монанд, ин ба фалаҷии иқтисоди кишвар, миқдори беҳисоби қарзҳои давлатӣ, беқурбии асъори миллӣ ва ғайра оварда мерасонад. Ҳоло аҳолии Афғонистон бештар аз 35 млн. нафарро ташкил дода, тақрибан 20–25 млн. онҳо дар фақру гуруснагӣ зиндагӣ мекунанд. Илова бар ин, дар Афғонистон тақрибан 5 млн. нафар мубтало ба маводи мухаддир мебошанд. Мавҷудияти чунин як вазъияти хеле муташанниҷ ғайри қобили пешбинист. Ҳоло хеле мушкил аст пешбинӣ кард, ки баъд аз 11 сентябри соли равон вазъият дар кишвар, дар маҷмӯъ, чӣ гуна хоҳад шуд. Бисёр коршиносон ба он шубҳа доранд, ки баъд аз ташкили ҳукумати нав вазъият босубот шавад.

«Толибон» аллакай доир ба пирӯзӣ «ба муқобили салибдорон» ва шикасти онҳо дар Афғонистон баёния пахш карда, фикр мекунанд, ки онҳо фотеҳони ҷиҳоди навин мебошанд ва хуруҷи низомиёни америкоӣ аз Афғонистон шикасти бебозгашти онҳо маҳсуб мегардад.

Эҳтимоли он ҳам вуҷуд дорад, ки дар оянда «Толибон» ба ду қисм ва ё ҷиноҳи бо ҳам муқобил ҷудо шаванд, вале он гоҳ Афғонистонро чӣ воқеаҳое интизор аст, гуфтан хеле мушкил мебошад.

Ҳамин аст, ки бисёре аз доираҳои сиёсӣ ва коршиносӣ дар Афғонистон ва берун аз кишвар ба он нигаронанд, ки дар ҳолати тарк кардани неруҳои ИМА ва НАТО бо Афғонистон чӣ хоҳад шуд? Мардуми кишвар низ аз ин ҳолат дар ташвиш қарор дошта, аз набудани кафолат нисбат ба ояндаи нек эҳсоси нигаронӣ доранд.

Парвиз ШАМОЛОВ,

коршиноси масъалаҳои иҷтимоӣ