Тоҷикистон дорои кӯҳу теппаҳои сарсабзу хуррам, кӯлу дарёҳои сероб, бешаю ҷангалҳои анбуҳ, боигариҳои зиёди дигар мебошад ва меҳру муҳаббат нисбат ба табиати зебою афсункори диёр дар қалби ҳар инсон аз замони хурдсолӣ пайдо мешавад. Агар ранҷу заҳматҳои солҳо зоеънамудаамон дар ниҳоди ҷигаргӯшаҳоямон дар роҳи таълиму тарбия оид ба ҳифзи табиат ноаён, ба самти мусбат вусъат бигирад, дар он сурат он меҳр ба донишу маърифати бузурги экологии кӯдакону наврасон табдил хоҳад гашт.
Хушбахтона, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо ба ҳифзи ҳамаҷонибаи муҳити зист ва сарватҳои он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Чунончи, дар ин робита Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расид. Мардуми ҷумҳурӣ ва махсусан сокинони қавииродаи пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе муҳтавои ин қарори муҳимро сармашқи кор намуда, тӯли ин солҳо дар ин самт ба як қатор дастовардҳо муваффақ гардиданд.
Инчунин, боиси хушнудию сарфарозии сокинони пойтахт буд, ки дар заминаи ин иқдоми неку созанда 27-уми феврали соли 2024 Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи «Соли маърифати экологӣ» эълон намудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе» қабул гардид. Ҳадаф аз қабули ин қарор боз ҳам баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад. Ҳамзамон, дар қарор чунин оварда шудааст: «Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 900 рӯзи ободонӣ амалӣ карда шавад».
Албатта, бо иқдому ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз соли 2017 инҷониб дар пойтахт сабзазору гулзоркунии кӯчаю хиёбонҳо, шинонидани ниҳолу дарахтони гуногун, бунёди гулгашту боғҳо дар сатҳи хеле баланд ҷараён гирифта, ҳамасола дар ҳудуди пойтахт садҳо ҳазор бех гулу буттаҳо, дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ шинонида мешавад.
Мехоҳам, ин ҷо аз ташаббуси дигари беназир ёдовар шавам. 23-юми сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум таваҷҷуҳи масъулини бахшҳои дахлдори шаҳрдориро ба вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо, ҷалб намуданд. Вобаста ба корҳои ободонию ниҳолшинонӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи мазкур аз тамоми сокинони пойтахт даъват карданд, ки ҷиҳати ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе бояд ҳар як оила дар мавсими ниҳолшинонӣ лоақал барои шинонидани як дарахти ҳамешасабз ҳиссагузор бошад. Раиси шаҳр аз ҷумла, таъкид намуданд: «Аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал меорам, ки якдилонаю фаъолона дар тадбирҳои ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонида, парвариш намоянд. Ҳамзамон, ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташ ақаллан, як дарахти ҳамешасабз шинонида, онро хеле хуб нигоҳубин намояд. Бо комилан амалӣ намудани ин иқдом, мо на танҳо шаҳри худро гулрезу гулпӯш мегардонем, балки дар рушди маърифати экологии мардум, зебоипарастии аҳли ҷомеа ва дар ободию шукуфоии сарзамини аҷдодии худ саҳм мегузорему ба насли ҷавону навраси пойтахт ва дар умум мамлакат, дӯст доштани табиати шаҳру деҳот, маҳали зист ва сарзамини худро меомӯзонем…».
Ин даъвати шаҳрдори ҷавону матинирода ҳамчун пешниҳоди ҷолиб он замон дар такомули маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи арзишҳо ва таъмини амнияти экологӣ миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамовозии хеле гарму самимӣ ба миён овард. Маҳз дар партави муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ба шаҳри сабзу хуррам табдил додани пойтахт бо иштироки роҳбарон ва коргарони муассисаҳои пойтахт пайваста ҳашарҳои ниҳолшинонӣ баргузор гардиданд.
Чунин ташаббусҳои наҷибона, барҳақ, аз дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии мардум ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ иқдомҳои неку самарабахши зиёд амалӣ мегарданд.
Ҳадаф аз эълон шудани «Соли маърифати экологӣ» тарбия ва ташвиқу тарғиби маърифати экологӣ ба хотири муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист, шинонидани гулу буттаҳои гуногун, дарахтони сояафкан ва мевадору ҳамешасабз, бунёд намудани растаю гулгашт ва боғҳои нави фароғатию истироҳатӣ мебошад. То ҷое иттилоъ пайдо намудем, аллакай дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон аз фанни «Экология» ба толибилмон сабақ меомӯзонанд, то дар зеҳну ниҳоди наврасону ҷавонон асосҳои маърифати экологӣ, рафтору муносибати некбинона нисбат ба табиатро ҷойгузин намоянд. Дар натиҷа, толибилмон дар дарсҳо фаҳмишу дониши мукаммал пайдо карда, қабл аз ҳама, ҳисси масъулиятшиносии онҳо дар ҳифзи муҳити зист боз ҳам афзунтар мегардад.
Ба мақсад хеле мувофиқ буд, ки охири моҳи марти соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати экологӣ» дар шаҳри Душанбе, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо», 22 март «Рӯзи ҷаҳонии об» ва инчунин, бо ҷонибдорӣ аз дигар иқдомҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва маърифати экологӣ дар толори меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси» Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе» баргузор гардид.
Халқи тоҷик дар таърихи чандинасраи хеш марказу шаҳрҳои ниҳоят азиме бунёд намуд, ки сабку услуб ва санъати меъмории онҳо дар асл хусусияти миллӣ доштанд ва як қисми онҳо то ба ҳанӯз побарҷоанд. Аз дигар лиҳоз, Душанбе имрӯз меросдори ҳамаи он буда, дар пойтахт теъдоди биною иншооти ба тарзи миллӣ ва умумибашарӣ орододашуда торафт зиёд мегардад.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар пойтахт аллакай аксари ширкату корхонаҳои мусофирбар ба истифодаи нақлиёти барқӣ гузашта озмунҳои моҳияти экологидошта дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо хеле афзун гаштаанд. Инчунин, дар лоиҳаҳои навсозӣ ва ободонии минбаъдаи кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои пойтахт низ масоили экологӣ ба эътибор гирифта шуда, гулзору сабзазор, хурраму обод намудани он маҳал дар мадди аввал аст.
Қобили дастгирист, ки дар аксари давлатҳои пешрафта аҳолӣ барои ҳифзи табиат худро яксон муваззаф медонанд. Онҳо ба хубӣ медонанд, ки сол то сол дар сайёраи Замин аҳолӣ зиёд шуда истодааст ва акнун табиатро оқилона истифода бурдан лозим аст.
Аз ин рӯ, ин масоили муҳимро Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш таъкид карда, чунин изҳор намуда буданд: «Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар намудану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем».
Шоистаи таҳсин аст, ки мардуми тоҷик дар пойтахт ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳол ва гулу буттаҳо шинонида, сарсабзию зебоӣ ва хуррамгардонии мамлакатро таъмин менамоянд. Барои ташаккули одоб ва маърифати экологии аҳолӣ лозим аст, ки тамоми роҳу усулҳои муҳими тарбиявиро ҷустуҷӯ карда, онҳоро дар зиндагии ҳамарӯзаамон роҳандозӣ намоем.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»