Ҳамовозӣ

Иқдоме, ки муҳиму саривақтист

№171 (3472) 14.12.2015

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни муддао ва саривақтӣ буд.

Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мансаби  Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз лаҳзаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро бӯсида, қасам ёд карданаш ва «Ман ба халқам сулҳ меорам ва то охирон гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис намекунам», — гуфтанаш, мо Пешвои худро дорем.

Пешвои мо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, сулҳро дар кишвар барқарор намуд, охирон гурезаро низ ба Ватан баргардонид, миллату давлати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид ва сарбаландона аз иҷрои ваъдаҳояш баромад. Мунтазам аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид давлати Тоҷикистонро муаррифӣ кард ва оид ба масъалаҳои вобаста ба об ва ҳифзу самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, дастгирии дини мубини Ислом, ки ба терроризму ифротгаройӣ ҳеҷ иртиботе надорад, суханрониҳо намуд ва таклифу пешниҳодҳои ӯро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуд. Оид ба бузургдошти арзишҳои миллию динӣ тадбирҳои судманд андешид. Аз ҷумла  1300 — солагии пешвои мазҳаби ҳанафия Имоми  Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон Ибни Собит ҷашн гирифта шуд, ки дар он намояндагони тамоми мамлакатҳои дунё  иштирок доштанд.

Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ, баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сохтмону ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии бузургу хурд, бунёди иншооти истеҳсолӣ ва садҳо бемористону муассисаҳои таълимӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Худованд барои наҷоти миллату давлати тоҷикон офаридааст ва Сарвари давлат тавонистааст миллату халқи Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи неку дурахшон  роҳнамоӣ намояд.

Абдухолиқ ҶОЙЛОБОВ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун